Дар он масъулони соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон омадаанд ва дар Самарқанд фаъолият доранд, ширкат варзиданд.
Дар ин форум ҳамчунин ҷонишини Торағаи Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғиз Нурланбек Азигалиев, ки ҳоло дар кишвари мо қарор дорад, ширкат дошт.
Раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умид Шодиев дар бораи рушди сайёҳӣ дар кишвари мо, бахусус, таъсиси самти ягонаи сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ ва корҳое, ки дар ин самт дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғиз анҷом дода мешавад, суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2024 беш аз 2 миллион сайёҳи қирғизистонӣ аз Ӯзбекистон дидан кардааст. Имрӯзҳо байни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳар рӯз 11-то парвозҳои ҳавоӣ амалӣ карда мешавад. Шаҳрвандони ду кишвар бо истифода аз ID-корти худ марзро убур мекунанд.
Президенти Фонди дастгирии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Қирғиз Қ.Рисалиев қайд кард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистону Қирғизистон дар соҳаҳои гуногун дар соҳаи сайёҳӣ низ босуръат рушд мекунанд. Вай қайд кард, ки форуми мазкур барои боз ҳам суръат бахшидани кор дар ин самт хизмат хоҳад кард.
Дар форум аз ҷониби масъулони соҳа роҷеъ ба иқтидори сайёҳӣ, имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои ду кишвар тақдимотҳо гузаронида шуданд.
Илова бар ин, доир ба фаъолияти Маркази байналмилалии сайёҳӣ дар Самарқанд, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии “Роҳи абрешим” маълумот дода шуд.
