Ovozi.uz

Вохӯрии роҳбари вилоят бо кормандони соҳаи таълим

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар ноҳияи Оқдарё бо кормандони соҳаи таълим мулоқот намуд.

Дар он масъалаҳои баланд беҳтар намудани сифати таълим, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, такмил додани маҳорати касбии муаллимон муҳокима гардиданд.

Инчунин, ташаббусу пешниҳодҳои вобаста ба беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии таълим ва дастгирии омӯзгорон ба миён гузошта шуданд.

Зимни вохӯрӣ, ки дар шакли суҳбати ошкоро баргузор гардид, роҳбари вилоят пояи асосии ҳар як ҷомеа будани таълимро таъкид намуда, омӯхтану татбиқи ислоҳот ва лоиҳаҳои нав дар ин самт ва пешниҳодҳоро дорои аҳамияти муҳим арзёбӣ намуд.