Лоиҳаи Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» ва лоиҳаҳои барномаи давлатӣ ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд. Лоиҳаҳо то 9-уми феврали соли равон аз муҳокимаи ҷамоатчигии васеъ ва коршиносон гузаронида шуданд.
Дар лоиҳаи Барномаи давлатии барои соли ҷорӣ пешбинишудаи мамлакатамон, ки зиёда аз 60 фоизи аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳои афзунсозии фарогирии муассисаҳои таълими томактабӣ, андешидани чораҳо бобати ҳалли мушкилоти системаи таълими халқ ва беҳтар намудани сифати таълим, боз ҳам амиқтар кардани ислоҳот дар системаи таҳсилоти олӣ ва ба сатҳи сифатан нав баланд бардоштани он, такмили сохтори бозомӯзии касбу ҳунар ба ҷавонон, ба тадбиркорӣ ҷалб намудани онҳо, умуман, барои ҷавонон таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст.
Аз ин рӯ, дар рафти муҳокимаҳо мардуми мо, намояндагони соҳаҳои гуногун, зиёиён ва ҷавонон таклифҳои худро оид ба лоиҳа пешниҳод намуданд.
Бахусус, ба лоиҳаи Фармон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» тавассути портали онлайнии uzbekistan2030.uz ҷамъ 1139-то пешниҳод тақдим гардидааст. Аз 36 банди лоиҳаи ҳуҷҷат ягонтоаш аз мадди назари ҷамоатӣ дур намондаанд.
Шумораи бештари фикру мулоҳизаҳо аз рӯи банди якум баён карда шудааст – 167-то. Дар он, «аз 1-уми марти соли 2024 дар заминаи «Баланси ҷавонон» ҷавононе, ки барои корбарии алоҳида ниёз доранд, инчунин, наврасони боистеъдод ва боиқтидор бо қарори комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, роҳбарони корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, ҳамзамон муассисаҳои таълими олӣ вобаста карда шаванд. Дар ин:
Ин роҳбарон моҳе камаш як маротиба бо ҷавонони вобастакардашуда вохӯрда, барои ҳалли мушкилоти онҳо ва намоён кардани истеъдод, таъмини шуғл тавассути бозомӯзии касбу ҳунар ва барои дар ҳаёт мавқеи худро ёфтани онҳо ёрӣ расонанд.
барои ҳалли мушкилоти ҷавононе, ки ба онҳо вобаста карда шудаанд, инчунин, намоён кардани истеъдоди онҳо, иҷозат дода шавад, ки маблағҳои заруриро аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилоти дахлдор ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, равона кунанд”, гуфта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар портали jamoatchilik.uz низ дар мавриди ин банд нисбат ба дигар бандҳо бештар таклифҳо пешниҳод шудаанд.
Таклифҳое, ки дар рафти муҳокима ба дигар бандҳо баён гардидаанд, ба 100-то нарасидааст.
Ба банди 34-и лоҳифаи Фармон, ки “Девони Вазирон:
Аз рӯйи ҷамъбасти ҳар моҳ маълумотҳоро бобати иҷрои Барномаи давлатӣ умумӣ карда, ба Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намояд;
Дар охири хар семоҳа иҷрои сари вақт, пурра ва босифати супоришҳои дар Барномаи давлатӣ гузошташуда дар ҷамъомади раёсати Девони Вазирон муҳокима карда шавад”, гуфта шудааст, аз ҳама камтарин таклиф(4-то) пешниҳод гардидааст. Дар яке аз онҳо таъкид шудааст, ки муҳокимаҳо ба таври онлайн пахш гарданд.
Воқеан, дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ барои ҳар як вилоят, аз ҷумла Самарқанд низ бандҳо пешбинӣ шудаанд. Масалан, дар мисоли ноҳияи Самарқанд бо ҷалби коршиносони вазорату идораҳо ва институтҳои тадқиқоти илмӣ усули тартиб додани рӯйхати манзилноки аҳолии бекор пешбинӣ карда шудааст. Ин чорабинӣ, ки барои моҳи апрел пешбинӣ шудааст, минбаъд дар дигар минтақаҳо низ ҷорӣ карда мешавад.
Инчунин, бо мақсади ба сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза гузаронидани нақлиёти ҷамоатӣ, андешидани чораҳо бобати хариди 100-то электробус барои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд аз ҳисоби маблағҳои Бонки эҳё ва рушди Аврупо муқаррар гардидааст.
Аз рӯйи ин масъала пешниҳод гардидааст, ки дар ин самт на танҳо ба хариди электробусҳо, балки ба таъмиру хидматрасонии онҳо низ диққат дода шавад.
Аз лоиҳа фаҳмидан мумкин аст, ки ба истифода ва идораи Вокзали роҳи оҳани Самарқанд дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ сектори хусусӣ ҷалб карда мешавад. Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ ва сайёҳон дар ҳар як маҳалла ва нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Самарқанд гузоштани системаи видеоназорат зикр гардидааст.
Умуман, зимни муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатӣ, ки аз 5 самт, 100 мақсад ва 292 чорабиниҳои амалӣ иборат аст, 3718 фикру мулоҳиза баён гардидааст.
Ё.МАРҚАЕВ
