Аз 27 то 30-юми январ се идораи давлатии Ӯзбекистон ба киберҳамла дучор шуданд. Дар ин бора вазири технологияҳои рақамӣ Шерзод Шерматов дар анҷумани матбуотӣ маълумот дод.
Чанде пеш, яъне 2-юми феврал хабар паҳн шуда буд, ки гӯё маълумоти шахсии 15 миллион нафар шаҳрванди кишвар паҳн шудааст. Аммо, ба гуфтаи вазир, ин рақам нодуруст буда, дар асл маълумоти тақрибан 60 ҳазор нафар ба берун роҳ ёфтааст. Мувофиқи маълумоти расмиён, пас аз ошкор шудани ҳамла, дастрасии ғайриқонунӣ ба низомҳои иттилоотӣ фавран маҳдуд карда шуда, чораҳои ҳифзи техникӣ пурзӯр гардиданд.
Ҳамчунин дар низоми ягонаи шиносоӣ (OneID) тадбирҳои иловагии амниятӣ ҷорӣ шуданд. Акнун шаҳрванд метавонад пешниҳод ё маҳдуд кардани маълумоти шахсии худро ба дигар низомҳо танҳо бо розигии худ амалӣ намояд.
Инчунин, таъкид гардид, ки “фош шудани маълумоти шахсӣ” маънои онро надорад, ки аккаунти шахсии шаҳрванд вайрон шудааст. Ба он эҳтимол маълумоте чун ному насаб, санаи таваллуд, суроға ё рақами телефон ба дасти шахсони бегона афтидааст. Таъкид мегардад, ки ҳатто дар сурати дастрас шудани чунин маълумот, қаллобон бе иштироки худи шаҳрванд наметавонанд аз номи ӯ ягон амал анҷом диҳанд. Бо вуҷуди ин, чунин маълумот метавонад барои фиребу найранг ҳамчун восита истифода шавад. Масъулон сокинонро ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми дарёфти зангҳо ё паёмҳои шубҳанок эҳтиёткор бошанд ва маълумоти шахсии худро ба шахсони ношинос пешниҳод накунанд.
