Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо мақсади ташаккули симои нави Ӯзбекистони Нав дар асоси тамоюли «Барои қадри инсон, барои бахти инсон» ислоҳоти густурда амалӣ мегардад. Дар бахшҳои гуногун шаффофият ва ошкороӣ таъмин карда мешавад.
Дар ин раванд, фаъолияти идора ва мақомоти давлатӣ низ тибқи натиҷаҳои кори онҳо ҷиҳати мулоқот бо халқ, ҳалли мушкилоти мардум, фароҳам овардани шароит арзёбӣ мегардад ва маҳз ба туфайли ин, аҳамияти воситаҳои ахбори оммавӣ, бахусус матбуот дар ҳаёти рӯзмарраи мо беш аз пеш меафзояд.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷода рӯзномаи «Овози Самарқанд» низ овозу мақоми вижаи худро соҳиб аст. Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд 35 сол боз чун оинаи ҷомеа ва манбаи боэътимод, ҷиҳати таблиғи васеи ғояҳои дӯстии байни миллатҳо, фарохдилӣ, ҳамҷиҳатӣ ва ҳамбастагӣ саҳми шоиста мегузорад ва сол то сол маҳбубияти бештар пайдо мекунад.
Итминони комил дорам, ки кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» минбаъд низ дар иҷрои ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ, дар роҳи тарғибу ташвиқи амалҳои нек, дӯстиву рафоқат саҳми босазо гузошта, рисолати касбии хешро сарбаландона адо менамоянд.
Бори дигар аҳли қалами «Овози Самарқанд»-ро, ки 35‑солагии таъсиси рӯзномаро ҷашн мегиранд, аз номи ҳайати эҷодии «Овози тоҷик» ва шахсан аз номи худам табрик гуфта, дар ҷодаи эҷод табъи воло, қалами бурро ва дар ҳаёт хушбахтиву комёбиҳоро таманно менамоям.
Шерпӯлод ВАКИЛОВ, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик».
