Ovozi.uz

Имтиҳонҳои ниҳоии аттестатсияи давлатӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 кай баргузор мешаванд?

Санҷиши имтиҳонҳои ниҳоии аттестатсияи давлатӣ барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 дар муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ дар соли таҳсили 2025-2026 эълон шуд. Дар ин бора телеграмканали Назорати таълим хабар дод.

Синфи 9 — фанҳои маҷбурӣ: Забони модарӣ ва адабиёт / Забони давлатӣ — 1-уми июн; Математика — 4-уми июн; Таърихи Ӯзбекистон — 8-уми июн; Тарбияи ҷисмонӣ — 1-6-уми май.

Синфи 11 — фанҳои маҷбурӣ: Забони модарӣ ва адабиёт / Забони давлатӣ — 2-юми июн; Математика (асосӣ / пешрафта) — 5-уми июн; Таърихи Ӯзбекистон — 9-уми июн.

Синфи 11 — фанҳои интихобӣ (барои ҳамаи хатмкунандагон маҷбурӣ): Физика, кимиё, биология, ҷуғрофия, асосҳои ҳуқуқи давлатӣ, забони модарӣ ва адабиёт (забонҳои бародарӣ), забони хориҷӣ — 12-уми июн ва 15-уми июн баргузор мешаванд.

Барои маълумот, донишомӯз 2 фанни интихобӣ интихоб мекунад: фанни 1-ум 12-уми июн ва фанни 2-юм 15-уми июн баргузор мешавад.