Ovozi.uz

Бартариҳои сохтори нав

Қарор ва иҷро

Пештар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ҳангоми гармкунии аксари боғчаву мактаб ва муассисаҳои тандурустӣ бо муаммоҳо рӯ ба рӯ мегардиданд. Барои ҳалли ин масъала чорабиниҳо дида мешуданд. Барои ба куллӣ тағйир додани сохтори гармирасонӣ, 10‑уми апрели соли 2023 қарори Презинденти мамлакатамон «Дар бораи дар асоси шарикии давлативу хусусӣ модернизатсия кардани сохтори гармкунии объектҳои соҳаи иҷтимоӣ» ба имзо расид. Баҳри иҷрои ин қарор корҳо дар ин соҳа вусъат ёфтанд.
Бо нишондод ва тавсияи Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияҳои Самарқанд, Иштихон ва Нарпайи вилояти мо гармкунии объектҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дар асоси шарикии хусусиву давлатӣ ба тадбиркорон дода шуданд.
Барои азнавсозӣ ва истифодабарии 402 сохтори гармкунии соҳаҳои иҷтимоии ин ноҳияҳо, бо иштироки шарикии хусусиву давлатӣ ҳамагӣ 89,1 миллиард сӯмина шартнома имзо гардид. Аз рӯи ин шартнома хароҷоти модернизатсия 72 миллиард сӯмро ташкил мекунад, ки 50 фоизи он аз буҷети давлат, 36 миллиарди дигар аз тарафи шарикони хусусӣ пардохта шуд. Хароҷоти истифодабарии он, ки 17,1 миллиард сӯмро ташкил мекард, пурра аз буҷети давлат дода шуд. Ҳамин тавр, гармкунии биноҳои соҳаҳои иҷтимоии ин ноҳияҳоро тадбиркорон ба зиммаи худ гирифтанд.
Ҳоло аҳвол дар ин бобат чӣ хел аст? Мо бо мақсади шиносоӣ бо иҷрои қарор дар ноҳияи Самарқанд шудем.
Дар бобати ба сохтори нав гузаштан дар миқёси ноҳия се шартнома баста шудааст. Муддати амалкунии шартномаҳо 10 сол аст. Тадбиркорон гармкунии 54 мактаб, 43 ташкилоти таълимии томактабӣ, 15 муассисаи тиббиёт ва 5 объекти маданияту варзишро ба зимма гирифтаанд.
Ташкилоти таълимии томактабии рақми 31 дар маҳаллаи Шӯрбоӣ ҷойгир аст. Дар ин ҷо дар 6 гурӯҳ хурдтаракон таълиму тарбия мегиранд.
— Пештар барои гармкунии боғча азоб мекашидем, — гуфт мудираи боғча Фирӯза Набиева. — Аҳвол баъди ба сохтори нави гармкунӣ гузаштан хеле беҳтар шуд. Ҳоло гармкунии боғча ба зиммаи тадбиркорон аст. Ҳарорати хонаҳои машғулиятгузаронӣ, бозӣ, хоб ва ғайраи боғча ҳамеша 20–23 дараҷаро ташкил мекунад.
Гармкунии ташкилотҳои таълимии томактабии мазкур ба зиммаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Садорати механизатсиягардонӣ ва автотранспорт» мебошад. Роҳбари ташкилот Рустам Облоқулов изҳор кард, ки дегҳои «ақлнок»-и нав ба тарзи автоматӣ кор мекунанд. Кормандони мо дар ҳар чор-панҷ соат ба печҳо ангиштсанг меандозанд. Масоҳати ин боғча 450 метри мураббаъ ва барои он ду деги гаркунӣ кифоя аст.
Маълум гардид, ки мувофиқи таъинот дегҳои «ақлнок» як меъёри муайянро нигоҳ медоранд. Ҳар як дег мутобиқи метри мураббаи гармкунӣ гузошта мешавад. Ба ҳар як дег рӯзе то 80 килограмм ангиштсанг меандозанд. Дар як шабонарӯз се маротиба ангишсанг андозанд, нисбати дегхонаи пешина маҳсулоти зиёди сӯзишворӣ сарфа мегардад. Ба боғчаҳо дар ҳар 10–15 рӯз ангиштсанг расонида мешавад.
Системаи гармкунии тамоми мактабҳо азнавсозӣ карда шудаанд. Ин корро кормандони корхонаи хусусии «Савдои маҳсулоти сохтмонии Бадал» ба ҷо овардаанд. Ҳамаи дегхона ва асбобу анҷомҳои зарурии он истеҳсоли Туркия аст. Ҳоло дар синфхонаҳо ҳарорати беш аз 20–23 дараҷа нигоҳ дошта мешавад.
— Ҳоло шумо объектҳои гармкунии ба зимма гирифтаи худро асосан бо ангиштсанг гарм мекунед. Бисёр воқеъ гардидааст, ки сифати ангиштсанг чандон хуб нест, хокааш ҳам бисёр… Хокаи ангиштсангро чӣ кор мекунед? — пурсидем аз роҳбари корхонаи хусусии «Савдои маҳсулоти сохтмонии Бадал» Заршед Адашев.
— Мо аз хокаи кӯмур брикет тайёр мекунем ва баъд онро истифода мебарем.
— Барои зимистонгузаронии имсолаи мактабҳо чӣ қадар ангишт захира карда шудааст?
— Барои зимистонгузаронии мактабҳои ноҳия 2480 тонна ангишт гирифта шудааст. Қисми зиёди онҳоро ба мактабҳо тақсим кардем. Боз 194 тонна ангиштсанги захира дорем. Агар ба ягон мактаб нарасад, ҳамон замон аз ҳисоби захира ангиштсанг мефиристем.
— Ҳарчанд ба дегҳои обгармкунӣ кафолати бисёрсола дода шудааст, ҳангоми вайрон ё рӯй додани ягон ҳодисаи дигар чӣ хел тадбирҳо меандешед?

— Мо шаш нафар сантехнику мутахассисони дигар дорем. Онҳо ҳангоми вайрон шудани дег ё садамаи интиқоли ягон хати он сари вақт ба ҷойи воқеа омада, камбудиҳоро бартараф мекунанд. Хулоса, мо кӯшиш мекунем, ки кори мунтазами сохтори гармкуниро таъмин намоем. Албатта, ҳоло дар кори мо камбудиҳо, аз қабили норасоиҳои кадрҳо, боз ҳам хубтар ба роҳ мондани сохтори гармкунии мактабҳо ҳастанд, вале онҳоро зина ба зина бартараф хоҳем кард. Имсол корро дертар сар кардем. Соли оянда таҷрибаамон зиёдтар мешавад ва аз хизматрасонии мо аҳли соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳо миннатдор хоҳанд шуд.
МАЪЛУМОТ. Дар доираи ба амал баровардани лоиҳа дар ноҳияи Самарқанд 286 дегхонаи нав ва 87 адад генераторҳои мобилӣ (ҳангоми нашудани қувваи электрикӣ) гузошта, 4931 адад радиатор ва 2483 метр қубурро нав карда, 65 анбори ангиштсанг сохта шуданд.

М.ҶУМЪАЗОДА