Дар бинои ҳокимияти вилоят тибқи фармони дахлдори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии шиносоии генерал-майор Арипов Тоҳир Тӯлқунович, ки ба вазифаи роҳбари Садорати корҳои дохилӣ (СКД)-и вилояти Самарқанд таъйин шуд, баргузор гардид.
Дар вохӯрие, ки бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Азиз Тошпӯлатов ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев гузаронида шуд, ба масъалаҳои корҳои амалигардидаи вобаста ба ҳифзи бехатарии аҳолӣ ва тартиби ҷамоатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, инчунин вазифаҳои оянда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ А.Тошпӯлатов ба вазифаҳое, ки дар назди кормандони соҳа истодаанд, дар самти пешгирӣ ва барвақт ошкор намудани ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар вилояте, ки имрӯз байни вилоятҳои ҷумҳуриамон сераҳолитарин ба ҳисоб меравад, ва татбиқи тамоюлҳои «Маҳаллаи бехатар» ва «Шаҳри бехатар» эътибори махсус нигаронид. Дар ин росто ӯ таъкид кард, ки кормандони сохторҳои корҳои дохилӣ бояд бо дарки амиқи масъулияти худ таҳти сарварии роҳбари навтаъйин кор кунанд.
Тоҳир Арипов то ба таъйиноти мазкур дар вазифаи роҳбари Садорати корҳои дохилии вилояти Тошканд фаъолият намуда, дар Самарқанд низ барои Ватан ва халқамон бо садоқат хизмат намудани худро маълум кард.
Дар ҷамъомад, ҳамчунин, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба вазифаи ҷонишини якуми роҳбари СКД-и вилоят таъйин гардидани Ҳайдаров Неъматилла Ибрагимович маълум карда шуд.
