Ovozi.uz

«Авроқи рангин» — рамзи арҷгузорӣ ба шоири зуллисонайн

Дар ҷевони китоб

Чанде пеш дар матбааи «Muharrir nashriyoti»-и шаҳри Тошканд маҷмӯаи ашъори шоири зуллисонайни ибтидои асри ХХ, донишманди заковатманд Умур Боқии Шаҳрисабзӣ таҳти унвони «Авроқи рангин» рӯйи чоп омад.

Дар ин китоб, ки бо сарпарастии набераи шоир, маърифатпарвари китобдӯст Шаҳобиддин Боқиев нашр гардидааст, ашъори дилкашу пурмуҳтавои шоир бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гирдоварӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки шоири маърифатпарвар Умур Боқӣ зодаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё буда, дар муҳити адабии Самарқанд, дар иҳотаи шоироне чун Тамҳиди Самарқандӣ, Ориф Гулханӣ, Ҷавдати Самарқандӣ, Фахриддин Роҷеъ, Қорӣ Валихон, Қорӣ Сироҷиддин ва дигарон маҳорати эҷодии худро такмил дода, сабку равияи хосаи хешро ёфтааст. Ин аст, ки дар тазкира ва маҷмӯаҳои дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ интишоршуда номи ин шоир дар радифи беҳтарин намояндагони адабиёт ва маърифати ин давр бо эҳтиром ёдоварӣ шудааст. Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода низ дар сармақолаи «Авроқи рангину пурмаънои шоири зуллисонайн», ки дар оғози китоб омадааст, барҳақ таъкид мекунад: «Умур Боқӣ яке аз шоирони соҳибистеъдоди аввали садаи ХХ дар муҳити адабии Самарқанд ба шумор рафта, бо ашъори дилнишин, ки дар пайравии шоирони мумтоз ва ҳамзамононаш ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст, дар таърихи адабиёти диёрамон мақоми арзанда дорад».

Воқеан, вақте шеърҳои Умур Боқиро мехонем, пай мебарем, ки шоир ба ҳар ду забон ва дар жанрҳои гуногуни адабӣ шеърҳои латифу равон сурудааст. Дар онҳо мавзӯоти мухталиф чун илму дониш, ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат, зебоиҳои табиатро васф намуда, хислатҳои номатлуб чун дурӯғгӯӣ, риёкорӣ, худбинӣ, чашмгуруснагӣ ва амсоли инро мазаммат кардааст. Илова бар ин, аз санъатҳои бадеӣ низ бамавриду бо камоли устодӣ истифода намудааст.

Аз ҷумла, шоир дар шеъри «Ҳайфи он одам» бо забони содаву фаҳмо онҳоеро, ки умри худро аз пайи ҷамъоварии молу давлат беҳуда мегузаронанд, маломат карда, мардумро даъват намудааст, ки барои пурмазмун гузаронидани умр аз пайи донишандӯзӣ шаванд:

Ҳайфи он одамон фиъол кунанд,

Рӯзу шаб саъйи ҷамъи мол кунанд.

На ҳузуру на хӯрду хоб зи ҳирс,

Ҷаҳди беҳуда моҳу сол кунанд.

Баҳри афзунии зару амвол,

Субҳ то шом қилу қол кунанд…

Бояд гуфт, ки шабеҳи мавзӯъ ва мазмуни шеърҳои «Авроқи рангин», шаклу мундариҷаи китоб низ рангин мебошад. Китоб фарогири ғазалиёт, рубоиёт, қитъа, таърих ва марсияҳои шоир ба ду забон аст.

Дар байни онҳо марсияҳое, ки шоир нисбат ба вафоти нобаҳангоми фарзандони дилбанд, ёру дӯстони гиромии худ бо сӯзу гудозу хуни дил навиштааст, ҷолиби таваҷҷуҳанд. Ин марсияҳо дар он айём байни мардум низ паҳн шуда, аз ҷониби бибиотунҳо дар маъракаҳои азо қироат шудаанд. Марсияи ба вафоти духтари бистсолаи ҷавонмаргаш Ҳанифабону навиштаи Умур Боқиро ба забони русӣ низ тарҷума ва дар маҷмӯа нашр кардаанд.

Шоир ба муносибати даргузашти шоири маърифатпарвари Самарқанд Ориф Гулханӣ низ марсияе иншо намуда, сӯзи дили худро чунин ба қалам додааст:

Фиғон аз дасти ин чархи ҷафокор,

Ки аз зулмаш халоиқ бо фиғон рафт.

Чунон ғамгин шудам бо дарду ҳасрат,

Зи чашмам ашк чун дурри равон рафт.

Ҳазор афсӯс, он пири суханвар,

Хирадманди латифу нуктадон рафт.

Адибу фозилу кони маонӣ,

Чу Бедил шоири ширинзабон рафт.

Зи фурқат навҳаам як умр Боқӣ,

Ки ногаҳ хомаи гавҳарфишон рафт.

Умур Боқӣ дар марсия аз санъатҳои лафзию маънавӣ фаровон истифода намуда, онҳоро бамаврид ва бомаҳорат корбаст намудааст. Аз ҷумла, «чархи ҷафокор» киноя аз дунёи пурҷафо аст, ки аз зулми он, яъне аз даргузашти «пири суханвар», «хирадманди латифу нуктадон», «адибу фозил», «кони маонӣ», «чу Бедил шоири ширинзабон» ва «хомаи гавҳарфишон» (санъати тавсиф ва ташбеҳ) халоиқ ба фиғон омадаанд. Шоир аз ин рӯйдод ғамгин ва гирифтори дарду ҳасрат гардидани худро қайд карда, ашки чашмонашро ба «дурри равон» монанд мекунад.

Ғайр аз ин, дар китоб таҳти унвони «Эътироф ва эъзоз» бахши алоҳидае ҳаст. Дар ин бахш мақолаҳои инсони маърифатпарвар Муқимҷон Орифӣ ва рӯзноманигор Фаридуни Фарҳодзод («Ҳамкориҳои адабӣ ва робитаҳои дӯстонаи ду шоир»), эҷодкори фарҳангдӯст Шаҳриёр Рӯзимуродов («Тақдими осори гаронбаҳои бобо аз ҷониби наберагони бовафо») ва мақолаи набераи шоир, соҳибкори худогоҳ Шаҳобиддин Боқиев — «Шарофати дуои падар» оварда шуда, дар онҳо паҳлӯҳои гуногуни рӯзгор ва осори Умур Боқӣ, хотирот аз саҳифаҳои зиндагонии шоир ва ворисони ӯ баррасӣ гардидаанд.

Илова бар ин, чандин аксҳои нодири хонаводаи шоир, фарзанду наберагон дар иҳотаи арбобони давлатӣ, аҳли адабу ҳунар ҷой дода шудааст, ки мундариҷаи китобро боз ҳам рангинтару арзиши онро афзунтар менамояд.

Нашри китоби «Авроқи рангин» бозгаштест ба мероси ғании як шахсияти барҷастаи адабиёти тоҷику ӯзбек — Умур Боқии Шаҳрисабзӣ. Ин китоб намунаи воқеии пайванди наслҳо, эъзози гузаштагон, эҳтиром ба мероси адабӣ ва эҳёи анъанаҳои маънавӣ мебошад ва як манбаи пурқимату арзишманд барои дӯстдорони адабиёту муҳаққиқони фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Умед дорем, ки чопи китоби «Авроқи рангин» пажӯҳишгарони ҷавон, олимони адабиётшиносро водор менамояд, то рӯзгор ва паҳлӯҳои эҷодиёти Умур Боқии Шаҳрисабзиро амиқтар омӯзанд, ашъори тоҷикиву ӯзбекии шоирро таҳлилу тадқиқ намоянд ва насли ҷавонро бо мероси адабии ин эҷодкори огоҳу маърифатдӯст бештар ошно созанд.

Шариф ЯРАШОВ,

дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.