Мо ибораи «хӯрокхӯрии дуруст»-ро зуд-зуд мешунавем. Яке аз тамоюлҳои асосии тарзи зисти солим — «хӯрокхӯрии дуруст» ба мо барои чӣ даркор аст?
Хӯрокхӯрӣ — яке аз инстинктҳои муҳимтарини тани инсон аст, ки барои идомаи ҳаёт зарур мебошад. Аввало, ҳамаи ҳуҷайра ва бофтаҳои тани мо аз хӯроки мо истеъмолкарда ҳосил мешавад. Дуюм, хӯрокворӣ манбаи зарурӣ барои фаъолияти тан ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, саломатии мо ба кай ва чӣ гуна хӯрок хӯрданамон вобаста аст.
Суҳбати мо бо дотсенти кафедраи гигиенаи бачаҳо, наврасон ва хӯрокхӯрӣ, доктори фалсафа роҷеъ ба фанҳои тиббӣ Бобомурод Ортиқов дар ҳамин мавзӯъ шуд.
— Хӯрокхӯрии оқилона ва бомувозинат калиди дидани умри дароз аст, — гуфт Бобомурод Ортиқов. — Шарт аст, ки тан аз хӯрокворӣ ба миқдори кифоя барои ҳаёт энергия ва ҳамаи моддаҳои заруриро гирад. Ин муқовимати организмро ба таъсирҳои зараровари муҳити беруна зиёд ва қобилияти меҳнати ақлӣ ва ҷисмониро хуб мекунад.
Исбот шудааст, ки хӯрокхӯрии дуруст ва батартиб хавфи инкишофи хастагиҳои дилу раг, гурда, меъдаву рӯдаҳо, бемориҳои диабети қанд ва як қатори дигарро кам мекунад.
Хӯрокхӯрии нодуруст ба норасоиҳои моддаҳои зарурӣ дар организм меорад, ин ба организм бо роҳҳои гуногун таъсир мекунад ва мумкин сабаби бемориҳои ҷиддӣ шавад. Боз яке аз оқибатҳои он, муаммоҳои ба вазни барзиёд вобаста мебошад.
Тани мо моддаҳо ва энергияи заруриро аз хӯрокворӣ мегирад. Эҳтиёҷ ба онҳо ба синну сол, ҷинс, тарзи зиндагӣ, ҳолати саломатӣ ва бисёр омилҳои дигар вобаста аст.
Энергия дар организм ба ғайр аз фаъолияти асосӣ (нафасгирӣ, ҳазми хӯрок, меҳнати ақлӣ, дилу рагҳои хун, фаъолияти баъзе сохторҳо ва ғайра) барои ҳаракати инсон низ лозим мебошад. Мисол, наврасон нисбат ба калонсолон ба энергия, занҳо дар даври ҳомиладорӣ ва маккондани кӯдак ба хӯрокворӣ эҳтиёҷи бештар доранд.
Тани одамоне, ки бо меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, нисбати шахсони машғули меҳнати ақлӣ бештар қувва талаб мекунанд.
Ҳоло бисёр одамон, агарчи сиҳату саломат бошанд ҳам, аз ҳисоби истифода кардан аз як қатор усулҳои парҳез кӯшиш мекунанд миқдори сафеда, равған ва углеводро кам кунанд. Ин мумкин ба норасоиҳои баъзе моддаҳои барои организм зарурӣ оварад. Маҳдудиятҳо роҷеъ ба истеъмоли хӯрокворӣ нодуруст аст, танҳо донистани миқдори меъёрии онҳо муҳимтар ба шумор меравад. Хӯрокхӯрии мо ҳар қадар гуногун бошад, ҳамон миқдор хуб аст.
Бо маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ ғанӣ кардани ратсион тавсия карда мешавад, чунки онҳо макро ва микроэлементҳоро дарбар мегиранд ва организмро ба таври кифоя бо моддаҳои зарурӣ таъмин мекунанд.
Шумо метавонед ҳама чизро тановул кунед, вале дар миқдори меъёрӣ. Ҳамаи гурӯҳҳои хӯрокворӣ ба дараҷаи якхела муҳим будагистанд, вале ба нисбати миқдории онҳо эътибор бояд дод. Бештар маҳдуд намудани хӯрокҳои хеле шӯр, ширин ва равғанин, инчунин нӯшокиҳои спиртӣ аз фоида холӣ нестанд.
Дар Ӯзбекистон тартиби хӯрокхӯрии аҳолӣ аз шарту шароитҳои минтақаҳо, хусусиятҳои ба худ хоси манбаи хӯроквориҳо бармеояд. Аз сабаби бештар истеъмол намудани маҳсулоти равғанин ва аз углеводҳо бой ва кам хӯрдани сабзавот ва меваи аз витамин ва минералҳо ғанӣ норасоии микроэлементҳо мушоҳида карда мешавад. Бо хӯрок нӯшидани чой бошад, ба ҷаббидани онҳо монеъ мегардад.
— Фикри таоми бомаза ва ширин барои организм зарар, ё ки ба зиёд шудани вазни тана меорад, то кадом дараҷа дуруст аст?
— Гоҳ-гоҳ мо дар бораи зарар, ё ки фоидаи калон доштани ин ё он навъи хӯрокворӣ мешунавем. Чуноне ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) таъкид мекунад, хӯрокхӯрии дуруст ҳамаи гурӯҳҳои хӯрок — мева, сабзавот, чормағзҳо, ғалладонаҳо ва амсоли онҳоро дарбар мегирад.
Истеъмоли маҳсулоти ширин, яъне дар таркиби онҳо мавҷуд будани углеводи бисёр дар навбати аввал ба афзудани шакар дар таркиби хун, барои ба вуҷуд омадани диабети қанди навъи 2 шароит фароҳам меорад.
Дар бофтаҳо ва аъзо дар ҷараёне чун кори захираҳо ва ба равған табдил ёфтани онҳо иштирок намуда, дар тан ба шакли равған ҷамъ мешаванд. Дар натиҷа, муаммои вазни барзиёд ва фарбеҳӣ ба миён меояд.
Муаммои вазни барзиёд ва фарбеҳӣ, ки дар байни аҳолӣ васеъ паҳн шудааст, омили асосии рушди бемориҳои ғайрисироятӣ ба ҳисоб рафта, ба гипертонияи артериалӣ, навъи 2‑и диабети қанд, бемориҳои ишемикии дил ва вайрон шудани гардиши хун меорад.
Тадқиқотҳо муайян намуданд, ки хӯрокворие, ки истеъмол карда мешавад, мумкин ба ҳолати пӯсти инсон таъсир кунад. Исбот шудааст, ки риоя намудан ба одатҳои хӯрокхӯрии дуруст ба тамоми организм фоида меорад. Он дар пӯст ва қабатҳои ширешӣ акси худро меёбад. Барои сиҳат ва соф шудани пӯсти худ ба таомномаатон витаминҳо, хӯрокҳои аз равған ғаниро дохил кунед, бештар сабзавот ва мева хӯред, онҳоро ба тарзи ба худатон мувофиқ пазед, ба маҳсулоти ғалладона бартарӣ диҳед. Ба тарзи кифоя нӯшидани обро фаромӯш накунед.
— Тавсияҳои шумо роҷеъ ба тартиби хӯрокхӯрӣ…
— Нутритсиологҳо барои партофтани вазн дар зимистон истифодаи парҳезро тавсия намедиҳанд. Баръакс, айнан дар ин фасл хӯрокҳое, ки бо гармӣ таъмин мекунанд, дар организм ба таври кифоя бояд бошанд.
Дар мавсими сармо тани мо бештар витамин ва минералҳо, аз ҳама зиёдтар оқсил ва моддаи равғанро талаб мекунад. Аминокислотаҳои дар таркиби он будаи зарурӣ иммунитетро бардошта, дар мубориза бар зидди микробҳо ёрӣ медиҳанд.
Дар мавсими сарди зимистон ба хӯрокхӯрии оқилона бояд бештар маҳсулотҳое, ки гармиро нигоҳ медоранд, дохил кунем. Ба рӯйхати маҳсулотҳое, ки хусусияти нигоҳ доштани гармиро доранд, моҳӣ, гӯшти гӯсфанд ва мурғ, гречка ва ҷуворимакка, туршак, мавиз, шир, пиёз, сирпиёз, қаланфур, зира, чойи занҷабил, чойи арпабодиён ва қаҳва дохил мешаванд. Ба сифати илова ба онҳое, ки дар боло тавсия кардем, дар мавсими сармо аз зираворҳои миҷозашон гарм чун қаланфури сурх ва сиёҳ, занҷабил, долчинӣ истифода бурдан мумкин аст. Моддаҳои тафсонандаи дар таркиби онҳо буда, ретсепторҳои сохтори ҳазм кардани хӯрокро барангехта, дар рагҳо тезтар давр задани хун ва гармиро таъмин мекунанд.
Дар мавсими сардӣ ба миқдори кам истеъмол кардани гӯштҳои равғанин низ зарар надорад. Дар он кислотаи архидони барои аз сардӣ хунук нахӯрдан зарур мавҷуд аст. Ҷигари чорворо дар зимистон чун манбаи аз витамини «А» бой хӯрдан мумкин аст.
Хӯрдани хӯроки гарм ва калорияаш бештар дар рӯзҳои сармо, ба кайфияти одам таъсири мусбӣ дорад. Аз ҳама беш, шӯрбои гӯшти мурғ дар организм протеинро ба дараҷаи кифоя нигоҳ медорад.
— Ба кайфияти мо таъсир намудани хӯрокҳои тановул кардаи моро гуфтед. Вале ин маънои бо истеъмоли хӯроки муайян тағйир додани кайфиятамонро надоштагист?
— Олимон таъсири хӯрокхӯриро ба организм омӯхтаанд. Сухан дар бораи сабзавот, мева, маҳсулоти аз «Омега‑3» ғании моҳӣ, чормағз ва равғани зайтун нест. Истеъмоли ба таври кифояи протеин, равғанҳои муфид ва ғайраҳо пас аз хӯрдани хӯрок, барои дар хун барқарор нигоҳ доштани дараҷаи шакар дар хун ёрӣ медиҳанд ва ин ба кайфиятамон таъсири мусбӣ мерасонад.
Барои роҳ надодан ва тағйири кайфият, аз хӯрокҳои ба дараҷаи баланд коркардшуда чун — картошкабирён, таомҳои дар дуд пухтаи дар таркибашон миқдори намак ва зиравор бисёр, нӯшокиҳои газакдори ширин, печене, газдор рӯ гардондан лозим аст.
Ба тартиби хӯрокхӯрӣ тағйиротҳои хурд дохил кунед. Кӯшиш кунед, ки бештар аз маҳсулоти дар боло номбаркарда ва фоиданок гуфтаамон тановул намоед. Дар давоми чанд ҳафта ҳис мекунед, ки кайфияти шумо ба мувозинат омадааст. Бе мувозинат хӯрдани хӯрок метавонад фарбеҳиро зиёд кунад, муаммоҳои бо дилу рагҳои хунгард, сохтори мушаку устухонҳо, бо аъзоҳои ҳазми хӯрок ва диабет вобастаро ба миён оварад.
— Барои дуруст хӯрдани хӯрок на танҳо хоҳиш, инчунин дониш низ лозим мегӯянд. Ҳамин тавр аст?
— Дуруст гуфтед. Инсоне, ки ба саломатиаш эътибор медиҳад, аз маданияти хӯрокхӯрӣ низ бояд хабардор бошад. Муносибати бачаҳо ба хӯрокхӯрии дуруст ба хулқи хӯрокхӯрии калонон дар оила вобаста аст. Ғайр аз ин, дар телевизион, радио, шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзнома ва маҷаллаҳо чашмамон ба тавсияҳо роҷеъ ба хӯрокхӯрии дуруст меафтад. Гуногунии фикрҳо метавонад моро дудила кунад. Дар ин маврид, бо такя ба 12 тамоюли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хӯрок тановул кунем, дуруст мешавад.
Тамоюли 1. Инсон ҳар рӯз хӯрокҳои гуногун мехӯрад. Ғайр аз таркиб ба мухталифии хӯрок, дар намуди моеъ, ниммоеъ, сахт будани он низ муҳим аст.
Тамоюли 2. Ҳар рӯз чанд маҳал сабзавот ва меваҳои гуногун (камаш 4002 г.) истеъмол кунед!
Тамоюли 3. Ҳар рӯз нон (250–300 г.), нони «сиёҳ» ё ки аз орди навъи 2 (50 г.) ва картошка (150–200 г.) истеъмол кардан лозим аст.
Тамоюли 4. Ба назорати миқдори равған, ки бо хӯрок қабул мекунед, ҳангоми тайёр намудани хӯрок ба ҷои равғани ҳайвонот бештар ба истифода намудани равғани растаниҳо одат кунед. Чунки аз ҷиҳати ҳазм ва азхуд шудан равғани растанӣ аз равғани ҳайвонҳо бартарӣ дорад.
Тамоюли 5. То ҳадди имкон гӯшти равғанинро ба гӯшти беравған иваз намоед, ё ки моҳӣ, гӯшти мурғ истеъмол кунед! Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ вазифаи бо оқсил ва минералҳои сифаташон беҳтарин таъмин кардани организми инсонро иҷро мекунад.
Тамоюли 6. Шире нӯшед, ки миқдори равғанаш кам аст, инчунин чакка, ҷурғот, панири дулмашуда ва панири дар таркиби худ ба миқдори кам намак ва равған доштаро истифода баред.
Тамоюли 7. Барои хӯрок маҳсулотҳоеро интихоб кунед, ки дар таркиби худ ба миқдори кам қанд доранд, бо маҳдуд кардани истеъмоли шириниҳо ва нӯшокиҳои ширин миқдори қандро кам кунед. Шириниҳо омили асосии зиёд шудани қанд дар хун ва рӯй додани бемориҳои бо қанд вобаста мебошанд.
Тамоюли 8. Намакро камтар истифода баред. Миқдори умумии истеъмоли намак дар як рӯз набояд аз як қошуқи чой — 5 грамм зиёд шавад! Танҳо намаки йоддорро истеъмол кардан мувофиқи мақсад аст. Истифодаи аз меъёр зиёди намак ва маҳсулоти намакӣ ғайр аз баланд бардоштани фишори хун, сабаби бемории санги гурда низ мешавад.
Тамоюли 9. Ҳангоми хӯрдани хӯрок чой нанӯшед. Ба ҷои чой шарбатҳои табиӣ, ё ки оби ҷӯш нӯшед. Чойро дар байни хӯрокхӯриҳои асосӣ нӯшидан мумкин аст. Пӯшида нест, ки чой нӯшоки дӯстдоштаи халқамон буда, онро пеш аз истеъмоли хӯрок меоранд ва хӯрокхӯриро бо чой анҷом медиҳанд. Чойро ҳангоми тановули хӯрок не, балки дар танаффуси миёни хӯрокхӯриҳои асосӣ нӯшидан мувофиқи мақсад аст. Он барои организми инсон моддаҳои антиоксиданти беҳтаринро нигоҳ медорад.
Тамоюли 10. Дар ҷараёни тайёр кардани хӯрок бехатарии онро бояд таъмин кард. Таомро асосан дам карда, мил-мил ҷӯшонда ва дар буғ пухтан лозим аст. Чунки дар чунин ҳол қисмҳои барои организм зарури таркиби таом нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми тайёр намудани таомҳои бирён, дуд ва нимдудкарда, аз ҳарорати баланд истифода мебаранд, равған, намак ва зираворро аз меъёр зиёд меандозанд ва дар натиҷа, моддаҳои зарурии дар таркиби он буда душвор ҳазм мешаванд.
Тамоюли 11. Вазни тани худро назорат кунед ва ҷисмонан фаъол шавед, ҳар рӯз камаш 30 дақиқа машқҳои ҷисмонии ба худатон мувофиқ, ё ки маъқулро иҷро кунед!
Тамоюли 12. Модарони кӯдакдор дар 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак ба вай танҳо аз сина шир диҳанд, мувофиқи мақсад аст.
Тасдиқ шудааст, ки витамин ва минералҳои барои калон шудан ва рушди бача зарурӣ, моддаҳои ба фаъолияти сохтори иммунӣ таъсири мусбӣ дошта, ба воситаи шири модар ба бача мегузарад.
Интихоби хӯрокхӯрии бамувозинат, қадами муҳим дар роҳи саломатӣ ва дидани умри дароз аст. Дуруст хӯрок истеъмол кардани инсон на танҳо саломатии ӯро мустаҳкам, балки сифати ҳаёташро низ хубтар мекунад.
Рисолат МАДИЕВА
Аз ӯзбекӣ тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ
