Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо Майк Кехой, губернатори штати Миссурии ИМА ва аъзои Сенати штат вохӯрд. Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду минтақа баррасӣ гардиданд.
Майк Кехой қайд кард, ки штати Миссури дар қисми марказии ИМА ҷойгир буда, яке аз минтақаҳои бузурги саноатӣ ва аграрӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва логистика рушд ёфтаанд.
Дар вохӯрӣ А.Бобоев дар бораи иқтидори сармоягузории вилояти Самарқанд маълумот дода, изҳор намуд, ки ҳоло дар вилоят 700 корхонаи муштарак ва хориҷӣ фаъолият дошта, зиёда аз 20-тои онҳо бо иштироки сармояи ИМА таъсис ёфтаанд.
Зимни музокирот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар асоси лоиҳаҳои мушаххас аҳамияти афзалиятнок дорад. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки бо ширкати «Bunge» кластери агросаноатӣ таъсис дода шуда, бо ширкати «Post Holdings» коркарди маҳсулоти озуқаворӣ ва роҳандозии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, дурнамои ҳамкорӣ бо як қатор ширкатҳои Миссури дар самтҳои автоматизатсияи саноат, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мунтазам рушд дода, лоиҳаҳои муштаракро амалӣ созанд ва робитаҳои иқтисодиро ба сатҳи нав бароранд.
