Ovozi.uz

Таърих, эҷод, ҳаёт…

Тақдимот

Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят тақдимоти китобҳои «Археологҳои Самарқанд», ки аз ҷониби кормандони рӯзномаи «Зарафшон» мураттаб гаридидааст, «Баёзи савр»-и Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, нависанда ва шоир Фармон Тошев ва «Истилоҳҳои аз минбар афтода»-и журналисти варзида Гулруҳ Мӯминова баргузор гардид. Чорабиниро, ки аҳли илму адаби Самарқанд, ихлосмандони каломи бадеъ ва ҷавонон аз иштирокдорони он буданд, сарвари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ўзбекистон Акрам Ҳайдаров ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Шахсони дар чорабинӣ суханронӣ намуда дар бораи мазмуну муҳтаво ва мавзӯву мундариҷаи китобҳо ҳарф заданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки нашри китобҳои мазкур барои оммаи васеъи китобхонҳо тӯҳфаи арзанда хоҳад шуд.

— Китоб сарчашмаи маънавият, машъали тараққиёт мебошад. Дар китоби навбатии устод Фармон Тошев, ки «Баёзи савр» унвон гирифтааст, шеърҳои фалсафии шоир, ки дар давраи пурмаънои умр навишта шудаанд, гирд оварда шудааст, — гуфт роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлат Тугалов. — Ин баёз давоми баёзҳои дигари устод ба ҳисоб меравад ва дар он мо метавонем ғазал, мухаммас, рубоӣ, фард ва шеърҳои дар дигар жанрҳо эҷодгардидаи муаллифро хонем. Интишори китоби «Археологҳои Самарқанд» низ кори бузург ба ҳисоб меравад, зеро мо ба воситаи ин китоб на танҳо ҳаёти бостоншиносон ва бозёфтҳои археологиро меомӯзем, балки аз таърихи кишварамон, хусусан Самарқанди бостонӣ огоҳ хоҳем шуд.

Дар идомаи чорабинӣ, инчунин зикр гардид, ки китоби Гулруҳ Мӯминова, ки мусоҳибаҳо ва мақолаҳои журналистро дар бар мегирад, ҳамаро ба хулосабарорӣ аз камбудиҳо, ёфтани роҳ ва дарки шахсияти худ ташвиқ мекунад.Дар охир ба иштирокдорон китобҳои тозанашри мазкур тӯҳфа карда шуд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ