Ovozi.uz

Дар вилоятамон хирмани баланди пахта бунёд гардид

Корхонаҳои кластерӣ ва хоҷагиҳои фермерии вилоятамон аз 60 ҳазор гектар замин 261,8 ҳазор тонна ашёи хоми пахта ҷамъоварӣ карда, нақшаи солонаи шартномавиро иҷро намуданд. Ба ин натиҷа ба туфайли усулҳои агротехникии ҷоригардидаи замонавӣ, инчунин дар сари вақт таъмин карда шудани парваришкунандагони ҳосил, ҳамоҳангии илм ва амалиёт дар хоҷагии деҳот, заҳмати фидокоронаи ҳамватанонамон, ки дар ҷараёни чиниши пахта иштирок карданд, аз ҳама муҳимаш, афзудани манфиатдорӣ аз пахта ноил гардиданд.

Имсол 1791 хоҷагии фермерии вилоят навъҳои маҳаллии пешпазак, умедбахш ва серҳосили хориҷии пахтаро кишт намуда, назар ба солҳои пешин ҳосили бештар ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз навъҳои «Бухоро‑102», «Султон», «Равнақ‑1» 43–46 сентнерӣ ва аз навъҳои воридотии Чин 56–65 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Ҳосилнокии умумӣ нисбат ба соли гузашта 6,1 сентнер зиёд шуда, ба 43,7 сентнер расид.

Ба даст овардани чунин ҳосилнокии баланд, инчунин бо сабаби ҷорӣ намудани технологияҳои обсарфакунанда имконпазир гардид. Зеро бо ин усул як қатор равандҳо — нармсозии бехи ниҳолҳо, култиватсия, гирифтани қатораҳо ва додани нуриҳои минералӣ — самараноктар ба роҳ монда шуданд ва хароҷоти техникӣ коҳиш ёфт. Ғӯза тавассути обёрии қатрагӣ ғизо гирифт.

Барои ҷамъоварии ҳосили тиб­қи нақ­шаи шартномавӣ 45 рӯз кифоя шуд. Барои гузаронида­ни мавсими чиниш бо тартиб ва ҳамоҳангӣ 720 отряди чиниш ташкил карда шуд. Аз ҳосили ба дастомада 102,6 ҳазор тонна (39 дарсад) бо заҳмати дастӣ ва 159,2 ҳазор тонна (61 дарсад) бо мошинҳои чиниш ҷамъоварӣ карда шуд.