Имсол бахшида ба 30-юми июл — Рӯзи дӯстии халқҳо дар сартосари кишварамон таҳти шиори «Ӯзбекистон — Ватани ягона» чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд.
Чор-панҷ сол пеш дар вилояти мо «Хонаи дӯстӣ» вуҷуд надошт. Ҳоло мо соҳиби чунин як кошонаи боҳашамат ҳастем. Зеро бобати таҳкими дӯстӣ, ҳамзистии байни миллатҳо, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол кору зиндагонӣ кардани қавму халқҳои зиёд «Хонаи дӯстӣ ва ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ» корҳои шоёнеро ба анҷом мерасонад.
— Бо мақсади таъмини иҷрои банди 9‑уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми майи соли 2018 «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди навсозии демократии мамлакат» ва тибқи фармони ҳокими вилоят аз 29‑уми марти соли 2019 таҳти рақами 34-Ф дар базаи бинои дар кӯчаи Спитамен, 159 «а»-и дар баланси ҳокимияти шаҳрбуда бинои «Хонаи дӯстӣ ва ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ» шароитҳои замонавӣ дошта таъсис дода шуд, — гуфт сарвари шуъбаи ҳудудии Ассосатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Шоим Кенҷаев. — Ин биноро аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба арзиши 4500,0 миллиард сӯм тармим (реконструксия) карданд. Бино 18‑уми марти соли 2021 бо иштироки ҳокими вилоят ва аҳли ҷамоатчигӣ ботантана ифтитоҳ ёфт. Дар бинои чорошёнаи «Хонаи дӯстӣ ва ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ» 58 утоқи корӣ, 4 толори фаъолон (260 ҷойи нишаст), 1 коворкинг, 2 осорхона, 1 китобхона, 3 утоқи маъмурӣ, 3 анбор ва 1 посбонхона мавҷуд аст.
Ҳоло дар ин бино 11 маркази фарҳангии миллӣ ва 33 созмони ғайридавлатӣ ва 1 ҳизби сиёсӣ ҷойгир шудаанд.
Имрӯзҳо дар вилояти мо намояндагони зиёда аз 120 миллату халқият зиндагӣ мекунанд. Дар ин бино марказҳои фарҳангии яҳудиён, арманиҳо, озарбойҷониҳо, арабҳо, туркҳо, русҳо, тоҷикон, тотору бошқирдҳо, полякҳо, олмониҳо, корейсҳо озодона фаъолият мебаранд.
Тамоми марказҳои фарҳангии миллии вилоят ба чорабиниҳои маънавию маърифатӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ даъват мешаванд. Баробари ҳамин, иду ҷашнҳои худро ҳам ботантана мегузаронанд. Масалан, намояндагони халқи корейс баробари иду ҷашнҳои Ӯзбекистон ҷашнҳои анъанавии Корея Соллал, Тано, Чусок ва ғайраро таҷлил мекунанд. Маркази миллии фарҳангии тотору бошқирдҳо ҳар сол ҷашни миллии худ — сабантӯйро мегузаронанд.
Фаъолияти Маркази миллии немисҳо низ бо сарварии Наталя Клётсер хуб ба роҳ монда шудааст. Дар вилоят зиёда аз 100 нафар немисҳо зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо соҳибкорон, омӯзгорон, бинокорон, табибон ва намояндагони касбу корҳои дигар низ ҳастанд.
— Ватан дар дил аст, — мегӯяд намояндаи халқи немис Валентина Алиеваи 73‑сола. — Дар маконе, ки барои миллату халқиятҳои гуногун оғӯш кушодааст, мо ҳамчун дӯсту бародар, қудову анда, мисли як халқ зиндагӣ мекунем. Сайёҳони миллати немис, ки дар Германия, Австрия, Франсия, Шветсия умр ба сар мебаранд, ба мамлакати мо сафар карда, бо ҳаёти на танҳо немисҳо, балки бо ҳаёти аҳолии маҳаллӣ низ шинос мешаванд. Ман, ки дар қишлоқ зиндагӣ дорам, онҳо дар хонадони мо ҳам меҳмон гарданд, ба шароит ва рӯзгори мардуми оддии ӯзбек ҳам мароқ зоҳир мекунанд. Занҳои моро ҳангоме, ки гулдӯзӣ мекунанд, нон мепазанд ва ё оши палав мепазанд, сурат мегиранд. Онҳо дар туйҳои мо иштирок карда, бо мардуми саховатманду меҳмондӯсти мо нағзтар шинос мешаванд.
Б.ҶУМЪАЕВ
