Ovozi.uz

Қадамҳои рушди Ӯзбекистони Нав

Тақвими воқеаҳои муҳими моҳи январи соли 2025

Президентамон Шавкат Мирзиёев ба халқи Ӯзбекистон табрики солинавӣ фиристод.
14‑уми январ — Рӯзи муҳофизони Ватан. Роҳбари давлатамон ба муносибати 33‑солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан табрики идона ирсол намуд.

Баррасии масъалаҳои муҳим

Дар бораи чораҳои бо иштироки бонкҳо дар маҳаллаҳо таъмин намудани шуғл ва рушди даромади аҳолӣ, инчунин таъмини иҷрои Қонун «Дар бораи Буҷҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2025» ахбор дода шуд.

Бо тақдимот оид ба натиҷаҳои соҳаи электротехника ва вазифаҳои оянда, инчунин чораҳои боз ҳам рушд додани сохтори логистика шинос шуд.

Аз рӯи натиҷадории корҳо оид ба ҷалби васеъи сармояҳо ва зиёд намудани ҳаҷми экспорт, инчунин баррасии вазифаҳои асосии минбаъда ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Бо тақдимоти чораҳо оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ихтисори камбизоатӣ дар асоси равишҳои нав шинос шуд.

Бо тақдимоти таклифҳо роҷеъ ба корҳое, ки Палатаи ҳисоб дар соли 2024 амалӣ намудааст ва вазифаҳои асосии соли 2025, инчунин таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ, беҳтар намудани сифати хидматҳо шинос гардид.

Бо тақдимот дар бораи чораҳои рушди парандапарварӣ ва истифодаи самараноки чарогоҳҳо шинос карда шуд.

Бо тақдимот оид ба вазифаҳои устувори соҳаи таълими олӣ ва илму фан шинос намуданд.

Аз рӯи баррасии корҳое, ки дар доираи барномаи ипотека дар соли 2024 амалӣ шудаанд ва нақшаҳои соли 2025 ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Аз рӯи лоиҳаи барномаи давлатии Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисоди «сабз» ҷамъомад доир гашт.

Бо тақдимот дар бораи рушди манзилнокии кумаки иҷтимоӣ ва сохтори нави парвариши шахсони ногироидошта шинос шуд. Инчунин, аз рӯи рушди энергетикаи электрӣ дар солҳои 2025–2035 ҷамъомад баргузор гардид.

Аз рӯи сохтори нави гирифтани ҳосили даромаднок дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои ба иҷора додашуда ҷамъомад гузаронида шуд.

Ташрифи расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо таклифи Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён бо ташрифи расмӣ ба ин мамлакат рафт. Дар давоми ташриф дар саммити «Ҳафтаи рушди барқарори Абу-­Даби» суханронӣ намуд.

Фаъолии сиёсии беруна

Ҳайатеро бо сарварии президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Акихико Танакаро қабул кард.

Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Андрей Белоусовро, ки бо ташриф дар Ӯзбекистон буд, ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар маҷмааи курортии «Амирсой»-и вилояти Тошканд бо Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров вохӯрии ғайрирасмӣ гузаронд.

Ҷонишини раиси Девони Вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередовро, ки дар доираи маслиҳатҳои сиёсии Ӯзбекистон — Туркманистон дар кишвари мо буд, қабул кард.

Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев асосгузори ширкати «Лукойл» Вагит Алекперовро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқотҳои телефонӣ

Президентамон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ҳангоми мулоқоти телефонӣ масъалаҳои аҳамияти дуҷонибаву минтақавидоштаро баррасӣ карданд.

Роҳбари давлатамон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод ва аз рӯи масъалаҳои муҳими рушди иловагии муносибатҳои шарикии бисёрҷабҳа мубодилаи афкор намуданд.

Дар саросари кишварамон

Президентамон бо корҳои бунёдкории Маркази тамаддуни исломи Ӯзбекистон шинос шуд.
Роҳбари давлатамон ба пояи муҷассамаи Ислом Каримов гулчамбар гузошт.

Ҳуҷҷатҳои нормативӣ-­ҳуқуқии имзогардида
— 6 Қонун;
— 16 Фармон;
— 34 қарор;
— 9 фармоиш.

Аз шумораи 258‑уми рӯзномаи
«Халқ сӯзи» ихтисоран тарҷима шуд.