Ovozi.uz

Дар Қирғизистон фаъолияти парламентро зеҳни сунъӣ инъикос менамояд

Ба фаъолияти Жогорку Кенеши (парламент)-и Қирғизистон зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар ин бора хабарнигори агентии Kazinform-и Бишкек хабар дод.

Мувофиқи ахбори хидмати матбуоти Жогорку Кенеши, сухандонҳои шабакаҳои нейронӣ “Айым Кенеш кызы” ва “Мырза Мыйзам уулу” барои баррасии чорабиниҳои парламентӣ ба кор андохта шудаанд. Онҳо навгониҳои вобаста ба фаъолияти депутатҳоро пешниҳод, рӯйдодҳои рӯзро ҷамъбаст ва мардумро дар бораи рӯйдодҳои ҳафта огоҳ мекунанд.

Ташаббуси муаррифии сухандонҳои телевизион, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунанд, қисми нақшаҳои рақамикунонии кори парламент мебошад, хабар медиҳад oz.inform.kz.