Ovozi.uz

Панҷ нафар соҳибкори вилоят бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев Фармони «Дар бораи бо мукофотҳо қадрдонӣ намудани як гурӯҳ намояндагони соҳа ба муносибати Рӯзи соҳибкорон» имзо гузошт.

Мувофиқи ин фармон, як гурӯҳ соҳибкороне, ки дар рушди соҳибкорӣ, беҳтар кардани муҳити тиҷорат, рушди иқтисоди кишвар ва афзоиши иқтидори содиротӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Дар байни онҳо намояндагони вилоятамон низ ҳастанд:

Бо унвони фахрии «Ўзбекистон Республикасида хизмат кўрсатган тадбиркор”:

Одилҷон Олимҷонович Болтаев — директори ширкати «Azia metall prof»-и шаҳри Самарқанд.

Бо ордени «Фидокорона хизматлари учун»:

Ботир Ҳайдарович Казимов — директори ширкати «Bog‘izog‘on»-и ноҳияи Тайлоқ.

Бо ордени «Мардлик»:

Маъруф Ҳусан уғли Ӯринбоев — директори ширкати «Narpay strategy up»- и ноҳияи Нарпай.

Бо медали «Келажак бунёдкори»:

Муҳаммадхон Бобиршоевич Солиев — директори муассисаи таълимии ғайридавлатии «Инноватсион маскан»-и шаҳри Самарқанд.

Бо медали «Шухрат»:

Евгения Леонидовна Пан — муассиси ширкати «Samarkand stone trade corporation» -и ноҳияи Иштихон сарфароз гардиданд.