Дар маҷмааи «SOF EXPO Samarkand»-и ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд намоишгоҳи байналмилалии «Технологияҳои инноватсионӣ дар хоҷагии қишлоқи муосир — AGROPRO EXPO 2026» баргузор гардид.
Ин чорабинии бонуфуз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мақсади он намоиши роҳҳои ҳал, таҷҳизот ва технологияҳои муосири бахши хоҷагии қишлоқ ва мустаҳкам намудани ҳамкории истеҳсолкунандагону соҳибкорон мебошад.
Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок ва дар бораи натиҷаҳое, ки солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ ба даст омадаанд, навсозии соҳа, роҳандозии технологияҳои сарфакунандаи захиравӣ ва афзоиши иқтидори содиротӣ суханронӣ намуд.
Ӯ, инчунин қайд кард, ки чунин намоишгоҳҳо дар таблиғи равишҳои инноватсионии ин соҳа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти фермерон ва кластерҳо нақши муҳим доранд.
Пас аз ин, як гурӯҳ фермер ва кормандони соҳаи аграрӣ, ки самаранок кор мекунанд, дар номинатсияҳои «Стартапи беҳтарини соҳаи агросаноатӣ», «Лоиҳаи беҳтарини бонувон дар соҳаи агросаноатӣ», «Хоҷагии беҳтарин, ки ба содирот равона карда шудааст», «Хоҷагии фермерии намунавӣ», «Беҳтарин хоҷагии деҳқонӣ», «Ҷавонтарин хоҷагии фермерӣ» ва ғайраҳо мукофотонида шуданд.
Дар доираи AGROPRO EXPO 2026 зиёда аз 100 соҳибкоре, ки дар кишварамон фаъолият нишон медиҳанд ва ширкатҳои Туркия, Германия, Россия, Чехия, Беларус, Хитой, Нидерландия, Латвия, Қазоқистон, Эрон, Украина, Полша ва дигар давлатҳо оид ба техникаҳои муосири кишоварзӣ, истеҳсоли тухмӣ, системаҳои обёрии қатрагӣ, маҳсулоти агрокимиёӣ ва роҳҳои ҳалли рақамӣ маҳсулот ва хидматҳои худро муаррифӣ карданд.
Ғайр аз ин, дар он зиёда аз 5 ҳазор мутахассиси маҳаллӣ ва меҳмононе, ки аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик ташриф овардаанд, иштирок доранд.
Хидмати ахбори ҳокимияти вилоят
AGROPRO EXPO 2026: зиёда аз 5 ҳазор нафар мутахассис иштирок кард
