Ovozi.uz

“ПСЖ” дарвозаи “Реал Мадрид”-ро голборон намуд

Бозии даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2025 миёни ду дастаи абарқудрати аврупоӣ “ПСЖ” ва “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Метлайф”-и ИМА дар ҳузури 77 542 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0, ба суди “ПСЖ” хотима ёфт.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “ПЖ” – Фабиан Руис дар дақиқаҳои 6-ум , 24-ум, Усмон Дембеле дар дақиқаи 9-ум ва Гансалу Рамуш дар дақиқаи 87-ум ба самар расониданд.

Бо ин ғалаба, шогирдони Луис Энрике рекорди клубро аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар як мавсим нав карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми июл дар финали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025, дар варзишгоҳи “Метлайф” дастаҳои “Челси” ва “ПСЖ” бо ҳам бозӣ мекунанд.