Ovozi.uz

Ба самти журналистикаи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд довталабон имтиҳонҳои профессионалӣ (эҷодӣ) месупоранд

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд барои солҳои хонишии 2025-2026 ба самти журналистика: журналистикаи байналмилалӣ супурдани имтиҳонҳои профессионалӣ (эҷодӣ) оғоз ёфт.

Нахуст раванди имтиҳонҳоро узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири таҳририятҳои муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Ф.Тошев ва сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ифтитоҳ намуда, ба довталабон муваффақиятҳо орзу карданд.

Имтиҳони эҷодӣ таҳти раёсати мудири кафедраи Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон, дотсент Ё.Зоҳидова гузаронида мешавад. Санҷишҳо дар шакли хаттӣ (иншои эҷодӣ) ва мусоҳиба ташкил карда мешавад.

Барои адолатноку шаффоф гузаштани имтиҳонҳо аз ҷониби маъмурияти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ҳамаи шароитҳо андешида шудааст. Ҷараёни имтиҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мустақиман пахш мешавад. Ғайр аз ин, падару модарон дар монитори калоне, ки дар сахни институт гузошта шудааст, имтиҳон супурдани фарзандони худро тамошо карда метавонанд.

Журналистика: 140 довталаб барои самти журналистикаи байналмилалӣ ҳуҷҷат супориданд ва онҳо нахуст аз имтиҳони эҷодӣ мегузаранд. Сипас онҳо дар марҳилаи дуюм, яъне санҷишҳои тестӣ ширкат меварзанд. Натиҷаҳои ҳарду имтиҳон ҷамъ шуда, 25 нафар довталабоне, ки баҳои баландтар гирифтаанд, қабул карда мешаванд.