Берунӣ хусусиятҳои худташаккулдиҳиро дар инсон тавассути ақидаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқии худ нишон медиҳад. Ба фикри ӯ, инсон бо ноил шудан ба мақсади муайян ва ба амал баровардани эҳтиёҷоти худ ҳаёти устувор ба сар бурда наметавонад. Чунки «Шаъну шарафи инсон вазифаи худро ба дараҷаи аъло иҷро намуда тавонистан: аз ин рӯ, вазифа ва мавқеи асосии инсонро дар зиндагӣ меҳнат муайян мекунад, инсон ба шарофати меҳнат ба хоҳиши худ мерасад», — навишта буд ӯ. Табиист, ки агар инсон таҳти таъсири ҷомеа ва муҳити иҷтимоӣ зиндагӣ кунад, сифатҳои дигари иллат ва воситаҳо дар ў зуҳур мекунанд, ё худ аз рўи хусусиятҳои ботинӣ ва ноил гардидан ба зиндагии устувор, барои ҳамчун инсони комил ба воя расидани ӯ ба монеаҳои муайяне дучор меояд. Дар чунин вазъият Берунӣ такя ба илму маърифатро тавсия медиҳад. Ӯ чӣ гуна мубориза бурданро бо ҳодиса — иллатҳое, ки ба раванди худташаккулдиҳӣ халал мерасонад, мефаҳмонад: «Барои аз бадӣ халос шудан инсон бояд аз болои ду қувваи табиӣ — ҳирс ва ғазаб ҳукмронӣ намояд (Ин даъват ба худтарбия ва худидоракунӣ аст. — Б.Р.). Инҳо душманони аз ҳама пурқувват ва хавфноктарин барои инсонанд. Маҳз барои ҳамин аз болои чашмгуруснагӣ ва ғазаб қувваҳои ақл ва тафаккур бояд пирӯз шаванд. Танҳо дар он сурат инсон аз нафси шайтонӣ раҳо шуда, ба Худо наздик мешавад: аз ташвишҳои дунё халос шуда, ба сӯи болоравии рӯҳонӣ талош мекунад. Аммо барои аз ин иллатҳо раҳоӣ ёфтан инсон бояд аз сабабҳое, ки боиси пайдоиши онҳо мешаванд — иллатҳои талош барои бартарӣ ёфтан аз дигарон, ҳирс ва майл ба шаъну шӯҳратро тарк кунад.
Ҷиҳати эътиборнокаш дар он аст, ки Берунӣ кӯшиш менамояд қонунҳои синергетикиро дар олами маънавии инсон ошкор намояд. Олим дар бораи таърих ва таҳаввулоти ташаккули санъат ва фарҳанг навишта, таъсири аввалиндараҷаи ғизои маънавиро ба шуур ва ҷаҳонбинӣ нишон медиҳад. Вай менависад: «Дар байни шахсони мутамаддин одамони нозук (табъ) одат кардаанд, ки ба ҷойҳои дилхушӣ (шодмонидиҳанда) раванд: ба ин гуна ҷойҳо на танҳо шахсони нозук (табъ) мераванд, балки онҳое низ барои шунидани оҳанг мераванд, ки боз ҳам сахттар ташнаи мусиқӣ ҳастанд… Оҳангҳо танҳо вақте ба рӯҳ (қалб) таъсири қавӣ мерасонад, ки ба тартиб оварда, ба шакл дароварда бошанд. Чунки рӯҳ (қалб) он чиро, ки ба тартиб оварда шудааст, тезтар қабул мекунад ва аз ин рӯ он чиро, ки ба шеър дароварда шудааст, осон дарк мекунад ва аз ин сабаб ӯ ба шеър бештар таваҷҷӯҳ менамояд, зеро шеър бонизом (ботартиб) аст: аммо ӯ ба шеърҳои ба оҳанг даровардашуда бештар майл мекунад, зеро (дар ин маврид) тартиби шеър бо мутаносибии оҳанг (гармонияи он — Б.Р.) мутобиқат дорад». Албатта, мутафаккир дар бораи пайдоиши шеъру мусиқӣ, таъсири он ба рӯҳияи инсон андешаронӣ кардааст. Дар баробари ин, мураттабӣ ва бетартибӣ дар рӯҳияи инсон таҳқиқоти илмии ҷанбаҳои гармоналиро тақозо мекунад. Фикри ӯ дар бораи он, ки мураттабӣ, мутаносибӣ (гармония) ба рӯҳи инсон таъсир мерасонад ва қалб ба он майл мекунад, шоёни диққат аст. Инсон табиатан бо саъю кӯшиш ба ин гармония — зебоӣ санъатро ба вуҷуд меоварад. Дар асоси санъат эҷодкорӣ нуҳуфтааст. Табиист, ки эҷодкорӣ табиатан бо рӯҳият ва ҳолати маънавии инсон алоқаманд аст. Ин назарҳои Берунӣ барои ғанӣ гардондан, пойдор намудани ҷаҳони рӯҳию маънавии инсон заминаи ғоявӣ шуда метавонад. Таълимоти мутафаккир бошад барои тарбияи завқи эстетикӣ ва камолоти ҷавонон ҳамчун асоси тарбиявӣ хидмат мекунад.
Муҳимтар аз ҳама, Берунӣ тавонистааст аз тамоюлҳои синергетикӣ, ки дар математикаи муосир истифода мешаванд, аз ҷумла, аз тамоюлҳои ташаккули математикӣ васеъ истифода барад. Синергетика аз рӯи сохтори шаклӣ ба тамоюли ташаккули математикӣ, тамоюли мураккабӣ, фракталӣ, гомоморфӣ ҷудо карда мешавад. «Мувофиқи моҳияти худ ин тамоюлҳо, аз як тараф, на чӣ будани предметро, балки чӣ тавр инъикос намудани он, фундаменталии он, аз тарафи дигар — ба ҳамдигар монанд будани сохторҳои предметро дар масштабҳои гуногун ифода мекунад. Аз ҷиҳати мантиқӣ такя намудан ба чунин тамоюлҳо ба ҳалли масъалаҳои мантиқии ғайрианъанавӣ мусоидат мекунад. Барои ин мазмуни мафҳумҳои муайянро бояд на унсурҳо, балки ахбор дар бораи сохторҳо ташкил диҳад. Дар ҷараёни чунин таҳлили мантиқӣ бояд рӯҳияи озодӣ устуворӣ дошта бошад». Маҳз ба шарофати мавҷуд будани чунин рӯҳияи озоди Берунӣ, ӯ дар соҳаҳои риёзӣ, ҷуғрофиё, кимиё ва астрономия саҳми бузург гузоштааст. «Вай гарчанде ки ба сохти коинот аз системаи геосентрии Птоломей наздик мешавад (яъне чунин мешуморид, ки кураи Замин дар маркази олам истодааст), вай ба ин масъала ба таври оригиналӣ, яъне ҳамчун системаи ҳаракаткунанда будани Замин такя мекунад. Чунин назар дар он замон ҷасорати илмӣ буд, ки ба назари ҳукмрон оиди беҳаракат будани Замин мухолифат дошт.
Берунӣ дар асари худ «Ҳиндустон» менависад: «Ҳаракати даврии Замин ба ҳисобҳои илми астрономия ҳеҷ гуна зараре намерасонад, балки дар баробари ҳаракати он, ҳодисаҳое, ки дар Замин ба амал меоянд, идома меёбанд». Дар ин ғоя фикр оиди системаҳои инерсиалӣ низ муҷассам гардидааст. Олими аврупоӣ Галилео Галилей (1564–1642) 600 сол баъд аз Берунӣ ба чунин фикр омадааст.
Маълумот ва далелҳои дар боло оварда барои гуфтани он, ки Берунӣ соҳиби тафаккури ғайрихаттӣ буда, рӯҳияи озодӣ ва усулҳои синергетикиро на танҳо дар риёзиёт, балки дар дигар илмҳо низ татбиқ намуда, хулосаву бозёфтҳои муҳими илмӣ кардааст, асос шуда метавонад.
Хулоса, Абӯрайҳони Берунӣ, ки дар сивилизатсияи башарият ва рушди баланди он саҳми бузург гузоштааст, на танҳо дар ибтидои асрҳои миёна, балки ҳамчун яке аз бузургтарин мутафаккирони тамоми давру замонҳо дар асоси методологияи илмии ба худ хос, дар баробари рушди илмҳо, ҳамчун дорои тафаккури ғайрихаттӣ дар ташаккулёбӣ ва инкишофи тарзи тафаккури нав саҳми сазовор гузошта тавонистааст. Вақте ки сухан дар бораи ғояҳо ва тамоюлҳои синергетикӣ меравад, мо ҳақ дорем ӯро донишманди беназире бигӯем, ки тавонистааст аз қонуният ва тамоюлҳои синергетикӣ истифода барад.
Маълумот ва далелҳои дар боло овардашуда барои гуфтани он, ки Берунӣ соҳиби тафаккури ғайрихаттӣ буда, рӯҳияи озодӣ ва усулҳои синергетикиро на танҳо дар математика, балки дар дигар илмҳо низ татбиқ намуда, хулосаву бозёфтҳои муҳими илмиро ба даст овардааст, асос шуда метавонад.
Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа
