Ovozi.uz

Ҳаёти бемақсад, мулоқоти «беҷон»

Мавзӯъ барои мулоҳиза

Дар замони муосири бошиддат тағйирёбандаи мо, ки дар соҳаи фан ва технология навгониҳои ғайричашмдошт рӯй медиҳанд, аксарият мақсади ҳаётии худ ва воситаҳои сӯи ин мақсад барандаро фарқ намекунанд. Шахсоне, ки дар бораи мақсади зиндагӣ ба таври ҷиддӣ фикр кардан фурсат намеёбанд, низ кам нестанд.
Онҳое, ки зиндагии хуб, харидани машина, сохтани ҳавлии боҳашаматро орзу мекунанд, хуб медонанд, ки барои ба нияти худ расидан бояд бештар пул ёбанд. Вале истеҳсоли навъҳои нав ба нави машинаҳо ба вай оромӣ намедиҳад. Ӯ маҷбур аст, ки такрор ба такрор мошинҳояшро иваз кунад. Мутаассифона, вай ҳатто электромобил харида гирад ҳам, худро хотирҷамъ ҳис намекунад. Чунки нақлиёт, воситае барои ба орзуи худ расидан асту бас.
Дигаре, хусусан ҷавонон орзу мекунанд, ки навъи охирини телефон харида гиранд. Вақтҳои охир ба нақлиёти ҷамоатӣ бароеду ба атроф нигоҳ кунед, гувоҳи аз телефон чашм накандани баъзеҳо мешавед. Беихтиёр ба телефони ҳампаҳлӯятон, ки аз панҷоҳсола калон аст, чашм медавонед: одами калон дар телефон нардбозӣ карда нишастааст. Духтари донишомӯзе, ки дар паҳлӯи дигари ӯ нишастааст, дар телефони худ либосҳои мӯди нав — сурати духтарони либоси зебо пӯшидаро пасу боло мекунад. Вай ҳис намекунад, ки дар рӯ ба рӯи ӯ пиразане рост меистад. Ҷавонмарде, ки дар назди дар ба гӯшаш «наушник» гузошта аст, гӯё худ бо худ ҳарф мезанад.
Хулоса, ҳама дар гирдоби бозиҳои шавқовар ва тамошоҳои аҷиб ҳастанд. Дар воқеъ, одамонро бо худашон овора кардани телефонҳои замонавӣ рост аст. Мусофироне, ки дар телефон китоб мехонанд, низ ҳастанд, вале онҳо хеле кам дучор мешаванд.
Ба ҳама маълум аст, ки таъсир ва доираи хизмати телефон пайваста васеъ мешавад. Бист сол қабл аз ин бо он танҳо робита мекарданд (гап мезаданд). Понздаҳ сол пеш имконияти фиристодани хабар пайдо шуд, даҳ сол қабл ба воситаи телефон гирифтани ахбори ихтиёрӣ, ҳатто дидани барномаҳои телевизионӣ мумкин ва шумори бинандагони телевизор якбора кам шуд. Телефон ба дастёри беғараз табдил ёфт. Ҳатто расму оинҳои миллиамон, ки дар ба дар гашта, ба тӯй хабар мекардем, аз байн рафт: ба воситаи телефон якто хабар фиристед, кифоя. Яъне, як расму оини миллии моро телефон аз ҳаёти рӯзмарра баровард.
Дар бораи чунин бохтҳо бисёр навиштан мумкин аст. Аз ҳама хавотирнок он аст, ки дар ҷавононе, ки бо телефон дӯст шудаанд, намондани сабр ба мулоқот, поён рафтани маданияти муомила ҳис карда мешавад. Инчунин, мувофиқи мушоҳидаҳо фазилатҳое чун ҳусни хат, аз ёд кардани шеър ва қироати он, мутолиаи рӯзнома ва китоб (акнун онҳоро фазилат гӯем ҳам мешавад) гӯё барҳам меёбанд. Чунки донишомӯзе, ки майнааш бо ахбори мухталифи нодаркору дар мавзӯъҳои гуногун ва филмҳо пур шудааст, барои аз ёд кардани шеър душворӣ мекашад. Аз ҳама асосиаш — вақт намеёбад. Зиёда аз ин, ба хондани шеър аз телефон шарм намедорад.
Ман аз фикри гуноҳкор намудани ҷавонони имрӯза дур ҳастам. Онҳо дар муҳите, ки волидайн бунёд мекунанд, ба воя мерасанд. Ҳазор сол қабл Юсуф Хос Ҳоҷиб аз ҷавонон шикоят намуда навиштааст, ки шояд охирзамон расида бошад. Зиддиятҳои байни волидайн идома меёбад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Дар ҳар гуна шароит фарзандон аз волидайн бояд танҳо арзишҳои миллии ба худ хосро мерос гиранд. Қисми асосии мероси мазкур, албатта, ба туфайли ибрат, мулоқот ва сӯҳбатҳо аз насл ба насл мегузарад.
Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки роҷеъ ба омӯхтани таъсири манфии телефон дар мо имкониятҳо ҳам мавҷуд аст. Инчунин, чораҳои омӯхтан, хулоса баровардан ва бартараф намудани норасоиҳои муайяншударо дидан мумкин аст. Яъне, хориҷиён чунин инқилоби ахбориро содир карда, ба чӣ муяссар ва дар оқибати ин аз чиҳо маҳрум шуданд? Албатта, дар ин самт ба ҷустуҷӯйҳои илмӣ эҳтиёҷ калон аст. Аз ҳама беш соҳаҳое чун фалсафа, сотсиология, этика–эстетика ба тағйиротҳое, ки дар ҷамъият рӯй медиҳанд, муносибати худро баён кунанд.
Дар ҳоли таъкид намудани васеъ шудани доираи муаммоҳои иҷтимоӣ боз ба фикри болоӣ бармегардем. Оё дар мо воситаҳо ба мақсад табдил намеёбанд? Саргармӣ (бозӣ)-ҳое, ки умри инсонро ба бод медиҳанд, аз ҳад зиёд намешаванд?

Ҳумоюн АКБАРОВ
(Тарҷумаи Тошқул АЗИМОВ аз рӯзномаи «Ҳуррият» №29 (1404), 17.07.2024.)