Бо ташаббуси ҳокими шаҳри Самарқанд, раиси Шӯрои маънавият ва маърифат Ф. Умаров бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар доираи лоиҳаи «Оилаҳои Самарқанд бо маърифат» ба ҷавононе, ки дар арафаи издивоҷ қарор доранд, маҷмӯаи китобҳо ҳамчун туҳфа тақдим карда мешавад.
Дар чорабиние, ки дар ҳокимияти шаҳри Самақанд ба ин муносибат баргузор гардид, ҷонишинони ҳокими шаҳр Ф. Нишонов ва Р. Тошниёзова, роҳбари шуъбаи маънавият ва маърифат Нигора Садинова, депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд Баҳодур Раҳмонов, намояндагони ҷомеа, вакилон ва ҷавонон иштирок карданд.
Зимни чорабинӣ байни шуъбаи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар шаҳри Самарқанд, шуъбаи оила ва зан-духтарони шаҳри Самарқанд ва шуъбаи адлия меморандуми сеҷониба ба имзо расид.
Ҳамчунин, маҷмӯаҳои китобҳо ба шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ супурда шуданд.
Ин ташаббус ба мустаҳкам намудани муҳити маънавӣ дар оилаҳои ҷавон, боло бурдани эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ, афзоиши саводнокии ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо мусоидат мекунад.
Дар шаҳри Самарқанд лоиҳаи наве оғоз гардид, ки ба дастгирии оилаҳои ҷавон, омода намудани онҳо ба ҳаёти оилавӣ ва ташаккули муҳити китобхонӣ равона шудааст.
