Ovozi.uz

Маҳаллаҳои Нарпай намуди нав гирифтанд

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар саросари кишвар корҳои бунёдкориву ободонӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нарпай низ чунин корҳои хайрхоҳона амалӣ мешаванд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои аҳолӣ ва боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолияти ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла, биноҳои мавҷуда таъмир гардида, симои замонавӣ гирифтанд.

Дар арафаи ид маросими ба истифода супоридани биноҳои азнавтаъмиршудаи ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои ба номи Муқимӣ, инчунин «Чорбоғ», «Тепа», «Тортувли», «Қозиёқли», «Олти уғил», «Ипак йӯли» ва «Нарпай» баргузор гардид.

Биноҳои маҳаллаҳо тибқи талаботи замонавӣ таҷҳизонида шуда, барои қабули шаҳрвандон, баррасии муроҷиатҳои онҳо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва боз ҳам таҳкими ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ дар маҳалла шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.