Дар қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои иловагии минбаъд ривоҷ додани соҳаи фармасевтӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ» аз рӯйи азхудкунии маҳсулоте, ки дар соҳаи фармасевтӣ талаб зиёд аст, дастгирии маблағгузории лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, ҷалби бевоситаи сармояҳои хориҷӣ ба соҳа, афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи босифат, татбиқи амалиёт ва стандартҳои эътирофшуда дар корхонаҳои маҳаллӣ чораҳои амиқ муқаррар карда шудаанд.
Дар ҳокимияти вилоят аз рӯйи баррасии корҳое, ки бобати таъмини иҷрои қарори мазкур иҷро мегарданд, ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад, ки бо ширкати масъулон, намояндагони идораҳои рабтдошта, роҳбарони корхонаҳои фармасевтӣ баргузор гардид, камбудиҳои соҳа, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва мушкилоте, ки дар ин самт ба чашм мерасанд, таҳлил карда шуданд.
– 16,2 дарсади маҳсулоти воридотии вилоятро маводи фармасевтӣ ташкил мекунад, — гуфт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов. — Аз ин рақам дарк намудан душвор нест, ки роҳандозии истеҳсоли маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар вилоят то чӣ андоза муҳим аст. Бинобар ин, дастгирии ташаббусҳои корхонаҳои вилоят ва лоиҳаҳои пухтаи соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳокими вилоят ба ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи дастгирии корхонаҳои соҳа ва таҳияи лоиҳаҳои нави фармасевтӣ бо ҷалби инвесторҳои хориҷӣ супориш дод.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар вилоят қариб 20 корхонаи истеҳсоли маводи фармасевтӣ фаъолият доранд. Дар онҳо беш аз 200 намуди маҳсулоти ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд.
Мушкилоти соҳаи фармасевтӣ таҳлил гардид
