Ovozi.uz

Донишгоҳ — чароғи илму маърифат ва макони орзуҳо

Рӯзи 21-уми сентябри соли равон барои аҳли илм ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов рӯзи фаромӯшнашаванда гардид. Зеро, ин рӯз донишгоҳамон 606 сола шуд. Ба ин муносибат дар донишгоҳ тадбири бошукӯҳи маънавиву маданӣ ташкил гардид.

Тадбир бо зиёрати мақбараи Амир Темур оғоз гардид. Дар он намояндагони ҳокимияти вилоят, ҷамоаи донишгоҳ, собиқадорон ва аҳли ҷамоатӣ иштирок карданд. Хотираи неки Темур ва темуриён, аз ҷумла Мирзо Улуғбек ёд овардашуда, ба рӯҳи онҳо Қуръон тиловат карда шуд.
Ба ин муносибат дар Донишкадаи Забонҳо ва маданияти халқҳои Осиёи Марказии Донишгоҳи давлатии Самарқанд дастархони идона ороста шуда, атрофи он сӯҳбати самимӣ анҷом ёфт.  
Сипас, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамчун рамзи рушди маърифатӣ парчами салтанати Амир Темур гузошта шуд.

Дар тадбир ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок намуда, аҳли илмро бо ҷашни ид табрик кард ва дастовардҳои солҳои охири ҷамоаи донишгоҳро гуфта гузашт.

Қайд гардид, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ як қатор корҳои муҳим амалӣ мешаванд. Соли равон бо муассисаҳои таълими олии хориҷӣ 53 меморандум ба имзо расонида шуд. Зиёда аз 1000 мақолаи илмии олимони донишгоҳ дар маҷаллаҳои шомили пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science ба нашр расиданд. Ҳамчунин, зиёда аз 50 монография ва тақрибан 70 то барномаи таълимӣ ба табъ расонида шуданд.

Дар соли таҳсили 2026–2027 ба донишгоҳ зиёда аз 220 нафар профессор ва омӯзгори хориҷӣ даъват шудаанд. Имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 300 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Аз соли нави таҳсил факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии донишгоҳ ба донишкада табдил дода шуд. Ҳамчунин, факултети телекоммуникатсия ва муҳандисӣ таъсис ёфт. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд қариб 23 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.

Машҳура Ҷобирова,
донишҷӯи курси аввали факултети филологияи ДДС