Ovozi.uz

“ҲЕЧ КАС БЕ ҲУҶҶАТ НАМЕМОНАД!”

Дар Самарқанд дар доираи аксия барӯйхатгирӣ сар шуд

Имрӯзҳо дар вилояти Самарқанд дар доираи аксияи ҳуқуқии «Ҳеч кас бе ҳуҷҷат намемонад!», ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20-уми январ то 20-уми марти соли 2024 идома меёбад, корҳои барӯйхатгирӣ идома дорад.
Бахусус, кормандони Марказҳои хидматҳои давлатӣ ва шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои Иштихон, Қӯшработ, пахтачӣ ба маҳалла ва идораҳои дахлдор рафта, муаммоҳои аҳолиро меомӯзанд. Чунин ҷараён дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.
Дар доираи аксияи ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки бо сабаби ба қайд гирифта нашудани таваллуди онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд, марги хешовандони наздикашон ба қайд гирифта нашудааст, барои муайян кардани далели ҳуқуқӣ бо сабаби надоштани шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуд ё марги хеши наздик бояд ба суд муроҷиат кунанд, ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки ҳангоми бақайдгирии давлатӣ ё аз нав бақайдгирии субъектҳои тадбиркорӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ба шахсони дар бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул дучори мушкилот мегарданд, кумак расонида мешавад.
Ҳоло таваллуди ба қайд гирифтанашуда ва ҳолати фавти сабти ном нашуда дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба рӯйхат гирифта шуда, муроҷитаҳои шаҳрвандон дар ин самт омӯхта мешавад.
Агар шумо ҳам дар ин самт мушкил ё пешниҳоде доред, метавонед ба ситодҳои махсусе, ки дар назди шуъбаҳои адлияи шаҳру ноҳияҳо ташкил шудаанд ё бевосита телефони боварии кӯтоҳи «1148», ё ки ба рақами телефони штаби махсуси Садорати адлияи вилоят — 55 701 00 55 (4042) муроҷиат кунед.
Барои маълумот: мувофиқи мушкилиҳои аниқгардида ва муроҷиатҳо таваллуди шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор расмӣ гардонда мешаванд. Фавти хешовандони наздик ба қайд гирифта шуда, шаҳодатнома (маълумотнома) дода мешавад. Инчунин, барои муайян кардани далели таваллуд ё фавт ба суд ариза тақдим гардида, дар асоси ҳуҷҷати суд таваллуд (фавт) сабт мегардад.
Бахусус, ба субъектҳои соҳибкорӣ барои бақайдгирии давлатӣ ва аз нав бақайдгирии давлатӣ ёрӣ расонда мешавад. Ба шахсоне, ки дар бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба мушкилот дучор шудаанд, якҷоя бо мақомоти ваколатдор ёрии амалӣ расонда мешавад.

Хидмати матбуоти Садорати адлияи вилояти Самарқанд.