Ovozi.uz

Рейтинги устувории тадбиркоронро роҳандозӣ мекунанд

Иқтисод

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15‑уми январи соли равон бо тақдимоти роҳандозии рейтинги устувории соҳибкорон шинос шуд.
Инкишофи соҳибкорӣ самти бартариноки сиёсати мамлакати мо аст. Шарти шуғл бо бизнес пайваста беҳ мешавад. Дар Соли дастгирии ҷавонон ва бизнес, дар доираи кӯшишот роҷеъ ба таъмини шуғли панҷ миллион нафар одам, барои соҳибкорон боз ҳам бештар имконият кушода мешавад. Барои ин мақсад додани 83 триллион сӯм ва 275 миллион доллар кредит ва субсидия ба нақша гирифта шудааст. Рейтинги мазкур барои фаъолияти соҳибкорӣ боз як омил бояд шавад. Дар бораи аҳамияти он дар муколамаи Сарвари давлат бо соҳибкорон сухан рафта, сипас меъёр ва асосҳои рейтинги мазкурро таҳия карданд.
Дар рейтинг аз рӯи 23 омил ба чор гурӯҳ ҷудо кардани соҳибкорон пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз рӯи давомнокии фаъолият, дараҷаи даромаднокӣ, интизоми пардохт, иштирок дар таъмини шуғли аҳолӣ ва миқдори музди меҳнат. Рейтингро дар асоси маълумоти идораҳои андоз, адлия ва суд ташаккул медиҳанд. Ҳар як соҳибкор метавонад мавқеъ ва баҳои худро дар тартиб-­режими вақти воқеӣ фаҳмад.
Барои соҳибкорони рейтингашон баланд ҳамаи тафтишҳои андозиро бекор мекунанд, маблағи андоз барои арзиши замкарда дар давоми як шабонарӯз, маблағи аз рӯи андозҳои дигар барзиёд дода дар давоми се рӯз баргардонда мешаванд.
Ҳангоми содирот ва фурӯши маҳсулот имконияти баҳисобгирии андози арзиши иловагии байниҳами идораҳои боҷхона ва гумрукро фароҳам меоранд. Муддати пардохти арзиши моликияти давлатӣ ва қитъаҳои заминро, ки дар савдои музояда харидаанд, аз се то панҷ сол идома медиҳанд. Ҳангоми якумини пардохти якбораи на кам аз 15 фоиз барои маблағи боқимонда фоизҳои солона ҳисоб карда намешаванд.
Рейтинг бо он низ муҳим аст, ки акнун ба фаъолияти соҳибкорон идораҳои андоз не, балки бо маҷмӯи электронӣ баҳо медиҳанд. Дар оянда ёрии пулӣ (субсидия), имтиёзҳо ва преференсияҳоро аз рӯи рейтинг пешниҳод мекунанд. Соҳибкорон барои ба қатори соҳибкорони боинтизом дохил шудан кӯшиш намуда, барои худ имконияти бештар фароҳам меоранд.
Аз дигар тараф рейтинги мазкур чун маҷмӯи ҳимоя хизмат мекунад, ба соҳибкорон роҷеъ ба ҳамкорони онҳо ахбори боварибахш пешниҳод карда, дар бораи хавфи ҳамкории шубҳанок ва рақобати беинсофона огоҳӣ медиҳад. Ин ба кам шудани иқтисодиёти «соягӣ» мусоидат мекунад.
Сарвари давлат зарурияти коркарди дақиқи маҷмӯъ, таъмини босамар ва холисонаи онро таъкид кард:
— Мо бар асоси пешниҳодҳои соҳибкорон барои бизнес шароити беҳтар фароҳам меорем. Ба қарибӣ бо қарор 16‑то литсензия ва 34 намуди ҳисоботро бекор кардем. Синфи соҳибкорон дар ҷамъият қувваи пешбаранда мешавад ва ҷавонон аз онҳо ибрат хоҳанд гирифт. Акнун зарур аст, ки ба воситаи ин рейтинг дар байни соҳибкорон итоаткорӣ ба қонун, интизом ва ташаббусро ҳавасманд кард. Дар амалӣ намудан ва босамарии рейтинг Шӯрои ҷамоатии дастгирии соҳибкорон нақши муҳим дорад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Муайян карда шуд, ки платформаи «Рейтинги барқарории соҳибкорон» бояд аз 1‑уми март роҳандозӣ карда шавад. Палатаи савдову саноат бояд бо соҳибкорон маҷмӯи корҳоро роҷеъ ба фаҳмондани имкониятҳои рейтинг амалӣ кунад. Маҷмӯи шаффофи додани субсидия, имтиёз ва преференсияҳо ташкил карда мешавад.
Аҳамияти кори нишонидор бо соҳибкорони рейтингашон паст, ёрмандӣ ба онҳо барои кори фаъолона ва барқарор кардани фаъолияти худ таъкид карда шуд.

ӮзА.