Мувофиқи маълумотҳои нахустин, бино ба ҳолати 1‑уми январи соли 2024, теъдоди аҳолии доимии вилоят 4 208 509 нафарро ташкил карда, аз ин миқдор 2 119 590 нафар мардҳо ва 2 088 919 нафар занҳо мебошанд. 1 542 879 нафар аҳолии доимӣ сокини шаҳр ва 2 665 630 нафар сокини деҳотанд.
Солҳои охир аз ҷониби ҳукумат ба воситаи дастгирии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, тадбиркории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва салоҳияти бунёдкорӣ, оид ба офаридани шароити зисти мусоид ба аҳолӣ, беҳсозии муҳити соҳибкорӣ ва таъмини шуғл корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
Хусусан, соҳибкории хурд ва хусусӣ самти асосии иқтисодиёти кишвар шумурда шуда, оид ба рушди босуръати соҳа, дастгирии фаъолияти соҳибкорон, афзунсозии шумора ва рағбатнок намудани онҳо корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд.
Аз ҷумла, бино ба ҳолати 1‑уми январи соли 2024 теъдоди корхона ва ташкилотҳои вилоят (ғайр аз хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ) 43 477‑торо (аз миёни ин 37 398‑тоаш корхонаи хурд ва микрофирма) ташкил дод.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 теъдоди корхона ва ташкилотҳои навтаъсис 7 771‑торо ташкил дод, ки ин бо муқоиса ба соли 2018 дар маҷмӯъ 2 940‑то зиёд аст.
Маълумотҳои оморӣ ҳаминро нишон медиҳанд, ки дар давоми соли 2023 дар соҳаи саноати ба ҳар вилоят маҳсулоти 32 триллиону 676,8 миллиард сӯмина истеҳсол гардида, нисбат ба соли 2022 дар умум 105,8 фоизро ташкил кард. Маҳсулотҳои саноатӣ сари аҳолӣ 7 848,6 сӯмӣ рост меояд. Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқӣ дар соли 2023 10 триллиону 415,7 миллард сӯмро ташкил карда, нисбат ба соли 2022 ҷамъ 1,4 фоиз афзудааст.
Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқи вилоятамон 51 триллиону 216,4 миллиард сӯмро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 гирем, 4,4 фоиз зиёд шудааст.
Инчунин, дар соли 2023 ҳаҷми инвеститсияҳои ба капитали асосӣ воридшуда 26 триллиону 584,6 миллиард сӯм, суръати афзоиш 132,1 фоиз, ҳаҷми корҳои пудратӣ 10 триллиону 069,1 миллиард сӯм ва суръати афзоиши он 108,9 фоизро ташкил кардааст.
Ҳаҷми савдои чаканаи вилоят дар соли 2023 30 триллиону 216,6 миллиард сӯмро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 8 фоиз зиёд шудааст.
Ҳаҷми ҷамъи хизматҳо дар миқёси вилоят 28 триллиону 992,0 миллиард сӯм буда, нисбат ба соли 2022 ҷамъ 113,7 фоизро ташкил медиҳад.
Гардиши тиҷоратии берунаи вилоят бино ба охири соли 2023 дар умум 2 865 538,1 ҳазор доллари ИМА, ҳаҷми содирот 746 232,3 ҳазор доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 2 119 305,7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.
Хидмати матбуоти Садорати омори вилояти Самарқанд.
Афзоиши салоҳияти иқтисодии вилоят дар рақамҳо
