Муаммои экологӣ
Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ ҳарорати миёнаи солонаи ҷаҳон то имрӯз нисбат ба соли 1880 дар сатҳи 1 °C гарм шудааст. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Ӯзбекистон дар ҳамин давр 1,6 °C афзудааст, ки ин нисбат ба суръати миёнаи масштаби глобалӣ бештар мебошад. Ин хеле ташвишовар аст.
Мувофиқи маълумоти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими мамлакат Ӯзбекистон дар як сол ба атмосфера 874 ҳазор тонна партовҳои саноатӣ хориҷ мекунад. Бино ба маълумотҳо қисми асосии партовҳое, ки дар соли 2022 ба атмосфера хориҷ шудаанд, ба корхонаҳои нафту газ, энергетика ва металлургӣ рост меоянд. Дар навбати худ, соли гузашта аз ҷониби ҳукумат дар 145 корхона 723 асбоби газ (поло филтр) таъмир гардида, барои кам кардани партов чораҳо андешида шуданд.
Вақте ки ба рақамҳо назар меафканем, аён мегардад, ки объектҳои асосии ба атмосфера таъсиргузор нерӯгоҳҳои барқии гармидиҳӣ ва заводҳои семент ба ҳисоб мераванд.
Партовҳоро асосан соҳаҳои:
— нафту газ — 360,5 ҳазор тонна (40 фоиз);
— энергетика — 200 ҳазор тонна (22,8 фоиз);
— металлургия — 185,5 ҳазор тонна (21,2 фоиз);
— сохтмон — 25 ҳазор тонна (2,8 фоиз);
— дигар соҳаҳо — 103 ҳазор тонна (11,7 фоиз) хориҷ мекунанд.
Бино ба ҳолати моҳи ноябри соли 2023 дар Ӯзбекистон 12 нерӯгоҳи барқии гармидиҳӣ, 36 корхонаи семент, 15 корхонаи азнавкоркарди нафту газ, 4 корхонаи металлургӣ фаъолият доранд.
Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти расмӣ дар мамлакат дар ихтиёри шахсони ҷисмонӣ 3 миллиону 268 ҳазору 480 автомобил мавҷуд аст. Аз ин 24 фоиз бо бензин, 2 фоиз бо дизел ва 74 фоиз бо газ ҳаракат мекунанд. Аз онҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 1,3 миллион тонна партовҳои зарарнок ба атмосфера хориҷ мешаванд.
Бо мақсади кам кардани зарар ба атмосфера, ба хусус, зарари экологии воситаҳои нақлиётӣ чорабиниҳои муҳим меандешад. Аз ҷумла, пурзӯр намудани чораҳои назоратӣ, ки ба танзими ҳаракати нақлиёти боркашонӣ ва пешгирии ифлосшавии роҳҳо нигаронида шудаанд, то соли 2030 тавассути роҳандозии истеҳсоли электромобилҳо дар кишвар камаш ба 15 фоиз расонидани саҳми фурӯши электромобилҳо дар ҷумҳурӣ дар нақша аст.
Илова бар ин, бо мақсади кам кардани партовҳои корхонаҳои саноатӣ дар солҳои 2023–2025, баланд бардоштани самаранокии кории тақрибан 2200 таҷҳизоти тозакунандаи чангу гази 450 корхонаи бузурги саноатӣ пешбинӣ шудааст.
Инчунин, кам кардани ҳиссаи гази табиӣ дар саноат ва истифодаи бештари энергияи муқобил, бо дастгирии техникии Агентии рушди Фаронса барои кам кардани партовҳои карбон ба атмосфера роҳандозӣ намудани системаи «Андози сабз» дар назар аст.
Бояд гуфт, ки афзоиши моддаҳои заҳрнок дар атмосфера сифати ҳаворо бадтар карда, хатари гирифторӣ ба бемориҳои роҳи нафас ва дилу рагро зиёд мекунад. Дар натиҷаи гирифтани офтоб, кам шудани боришот ва заҳролудшавӣ ба муҳити зист, олами ҳайвонот ва наботот зарари ҷиддӣ мерасад.
Бояд таъкид кард, ки мо ба нуқтаи ниҳоӣ расидем ва минбаъд табиат карбонҳои ихроҷкардаро «ҳазм» карда наметавонад. Беэътиборӣ ба муаммоҳои партовҳои дар атмосфера буда боиси зиёд шудани хароҷоти ҳифзи тандурустӣ, паст гардидани самараи истеҳсолот ва зарари калон ба соҳаҳои иқтисодиёт ва туризм мегардад.
Бинобар ин, чорабиниҳое, ки имрӯз амалӣ мешаванд, аҳамияти махсус доранд. Барои бартараф намудани ин гуна муаммоҳо на танҳо назорати институтсионалӣ, балки пурзӯр кардани назорати ҷамоатӣ ҳам муҳим мебошад ва ин дар навбати худ, дар муҳофизати ҳавои атмосфера нақши калон дорад.
Дар доираи мавзӯъ:
Тӯли як сол дар ҷаҳон на кам аз 260 млн. тонна партовҳои оксиди силитсий, 160 млн. тонна партовҳои дуоксиди сулфур, беш аз 200 млн. тонна партовҳои дуоксиди карбон, зиёда аз 80 млн. тонна партовҳои гази метан, зиёда аз 120 млн. тонна партовҳои оксиди карбони дувалента, зиёда аз 100 млн. тонна пайвастагиҳои хлордор ва дигар моддаҳо боиси заҳролудшавии ҳавои атмосфера ва шиддатнок гардидани тағйирёбии иқлим мегарданд.
Табиат дигар «ҳазм» карда наметавонад
