Ovozi.uz

Базми дидор баъд аз 50 сол хеле ҳавасангез буд

Донишҷӯёне, ки 50 сол қабл Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айниро хатм карда буданд, дар яке аз истгироҳатгоҳҳои маҳаллаи Оқбӯйрои ноҳияи Самарқанд бо ҳам вохӯрданд. Ин ҷашни дидор бо ташаббуси собиқ донишҷӯёни самарқандӣ ташкил гардид.
Дар ин базми дидор 17 нафар собиқ донишҷӯён иштирок карданд. Онҳо аз вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Бухоро, Сирдарё, Намангон ва Фарғона омаданд. Вохӯрӣ, дидорбинӣ, гуфтугузору муносибати онҳо аҷиб буд. Дар баъзе пиразану мӯйсафедони нуронӣ ҳамон хулқу рафторҳои солҳои ҷавонӣ мушоҳида карда мешуд.
Модари азизи ман Зебӣ Тоҳирова ҳам ҳамроҳи онҳо чор сол дар як курс хондаанд ва соҳиби дипломи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шудаанд. Модарам муаллима ва ҳам чанд соли охир раиси шӯрои занони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Раҷабамини шаҳри Самарқанд шуда кор кардаанд. Аз падарамон, ки маҳрум мондем, модари арҷмандам фарзандонам гуфта, ба касалиҳои зиёде гирифтор шуданд. Ман модарамро ба ин вохӯрӣ овардам. Моро дугонаҳои модарам ва ҳамкурсписарон бо шодиву мамнуният пешвоз гирифтанд. Дар ҳамин ҷамъомад фаҳмидам, ки аз 33 нафар 13 нафари хатмкунандагони соли 1974 аз олам чашм пӯшидаанд. Дар ҳаққи ҳамкурсони гузашта аз оятҳои Қуръони карим тиловат карда, ба рӯҳи покашон бахшиданд.
Дар вақти нишасту сӯҳбат аз ҳолу аҳволи якдигар воқиф шуданд. Аз пешравии кори фарзандони якдигар мамнун мегаштанд, ки хеле ҳавасангез буд.
Баъд тақдимоти китоби «Шарораи хотираҳо» ташкил гардид. Ба он муаллими мактаби рақами 34 Ҳайдар Ҳайдаров сарварӣ кард. Ин китобро Солеҳ Саидмурод ва Бахтиёри Ҷумъа ба чоп тайёр кардаанд. Дар китоб баробари тарҷумаи ҳол суратҳои даврони донишҷӯӣ ва вохӯриҳои баъди хатми донишкада ҷой дода шудаанд. Инчунин, дар ин курс 8 нафар эҷодкорон будаанд ва дар китоб намунаҳои эҷоди Р. Қамариддинова, Қ. Ҷалилов, С. Саидмурод, Н. Нодирӣ, Н. Бӯронова, З. Раҳмат, М. Туробова ва Б. Ҷумъа ҷой дода шудаанд. Китобро ҳамкурсони собиқ ба даст гирифта, ғоибона худро дар ҳамон солҳои донишҷӯӣ тасаввур карданд, хотираҳояшон аз нав зинда шуданд.
Ҳамин тавр, ҳамкурсон солҳои ҷавонии худро ба ёд оварданд, зери мусиқӣ рақсу бозӣ намуданд. Баъд баъзеҳо аз пайи кору зиндагонии худ рафтанду намояндагони вилоятҳои дигар меҳмони хонадони самарқандиён шуданд. Онҳо обидаҳои меъморӣ ва «Самарқанд сити»-ро тамошо карданд.
Дар ин ҷамъомад баъзе фарзандони ҳамсабақони марҳум низ даъват шуда буданд. Яке аз онҳо Нигина Насриддинова (духтари Мавҷуда Бердиева), ки дар ҷамъомад иштирок дошт, дар бозгашт оби чашм рехта гуфт:
— Аз ташкилочиёни ин тадбир миннатдорам, ки фарзандони ҳамсабақони марҳумашонро фаромӯш накардаанд. Ман дар ин чорабинӣ, ки хеле пурмазмуну хотирмон гузашт, иштирок намуда, модарамро дидагӣ барин шудам. Илоҳо, умри ҳамаашон дароз шаваду боз ҳамин хел ҷамъомад ташкил намуда, моро ҳам даъват кунанд.

Нодира МАҲМУДҶОНОВА