Имрӯзҳо Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд бо як сухан, ба маркази гузаронидани тадбиру форумҳои бонуфуз табдил ёфт ва Донишгоҳи байналмилалии технологияи Самарқанд яке аз пешқадамтарин ташаббускорони гузаронидани чунин чорабиниҳо ба ҳисоб меравад.
Рӯзи 11 уми июн ҳам дар Маркази байналмилалии сайёҳӣ бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии технологияи Самарқанд Форуми ҷавонони эҷодкор(Creative youth forum) таҳти шиори «Тадқиқоти бузургтарин — кашфиёти илмӣ ва эҷодкории беҳтарин — ихтирои муҳандисӣ» гузаронида шуд. Дар он мутахассисони пешрафтаи соҳаи технологияҳои замонавӣ ва донишҷӯёни боистеъдод иштирок намуда, роҷеъ ба навгониҳои зеҳни сунъӣ, робототехника ва дигар намудҳои таҷҳизоти муосир табодули афкор карданд.
Дар оғози форум ректори донишгоҳ Юсуф Абдуллоев доир ба дастовард, нақша ва мақсадҳои чорабинӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки Форуми ҷавонони эҷодкор барои такмил додани шавқи донишҷӯёни Ӯзбекистон дар доираи таълими STEM (Science — фан, Technology — технология, Engineering — муҳандисӣ ва Mathematics — математика) ташкил карда шудааст.
— Ҳадафи асосии мо офаридани як платформаи умумӣ мебошад, ки дар он ҳам ҷавонон ва ҳам мутахассисони соҳа дониш ва ғояҳои худро баён карда тавонанд, — гуфт Муҳаммадхон Солеев, роҳбари Маркази инноватсионӣ. — Мо барои дастгирии ҷавонон омодаем, ки ин форумро ҳар сол гузаронем. Фикр мекунем, ки дар оянда дар байни иштирокдорони форум ҷавонони фаъолу соҳибистеъдод боз ҳам бештар мешаванд. Ин форум дар баробари тарбия намудани насли нави мутахассисони технологияҳои замонавӣ, дар рушди иқтисодиву технологии Ӯзбекистон саҳми худро ҳамроҳ мекунад.
Пас аз он олимон, намояндагони пешрафтаи соҳаи илму фан ва технологияҳо, профессор-омӯзгорони донишгоҳ бо баромадҳои худ ба ҷавонон маълумотҳои муфидро пешкаш намуданд. Мавзӯи асосии тақдимотҳои онҳо роҷеъ ба биотехнология, фанҳои компутерӣ, манбаъҳои энергияи эҳёшаванда, иқтисоди рақамӣ ва ғайра буд. Ҷавононе, ки дар форум бо ғоя ва ихтироъҳои худ иштирок мекарданд, аз мутахассисони соҳа маслиҳатҳои дақиқ гирифтанд.
Инчунин, дар форум ба иштирокчиён барои ҷалб кардани ҷавонон ба муҳандисӣ ва технологияҳои замонавӣ намоиши китоб ва маводҳои зарурӣ оид ба фан ва технологияҳо низ пешкаш карда шуд.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ
