Ovozi.uz

Савдогарони одам аз одамгарӣ дуранд

Муаммои рӯз

Савдои одам ба монанди иллатҳои гиёҳвандӣ, терроризм ба муаммои глобалии аср табдил ёфтааст. Тибқи маълумот, дар миқёси дунё ҳар сол иёда аз 4,5 миллион инсон қурбони савдои одам мегарданд. Мутаассифона, зиёда аз 1,2 миллион нафари онҳо бачаҳо мебошанд. Дар ин бора дар конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат (СҶМ) «Дар ин бора дар бораи мубориза бар зидди савдои одам ва истифодаи фоҳишагӣ аз тарафи шахси сеюм» (Ӯзбекистон 12-уми декабри соли 2003 ба ин конвенсияи байналхалқӣ пайваст) оварда шудааст. Инчунин, дар солҳои баъди истиқлол Ӯзбекистон бо давлатҳои хориҷӣ барои пешгирии ҷиноятҳои муштарак, аз ҷумла савдои одам 29 шартнома ва созишнома имзо кардааст.
Имрӯзҳо дар дунё се намуди васеъ паҳншудаи савдои одам мавҷуд буда, инҳо эксплуататсияи ҷинсӣ (фоҳишабозӣ), меҳнати маҷбурӣ ва савдои одам ба ҳисоб мераванд. Аз рӯи маълумотҳо, 72 фоизи занҳо бо ин мақсад фурӯхта мешаванд.
Дар мамлакатамон бобати пешгирии савдои одам ходимони ҳифзи ҳуқуқ корҳои назаррасро сидқидилона иҷро мекунанд. Аз ин сабаб, дар пешгирии он як қатор корҳои амалӣ иҷро мегарданд. Сарфи назар аз саъю кӯшиши ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, — ҳамон ин гуна ҳолатҳо ба чашм мерасанд. Хусусан, рӯзи 12-уми майи соли 2024 тахминан соати 17:00 дар натиҷаи гузаронидани чораҳои таъҷилӣ ходимони зудамали Шӯъбаи таъмини бехатарӣ дар нақлиёти вилояти Самарқанд дар фурудгоҳи байналхалқии Тошканд, шаҳрвандон, сокини кӯчаи Султон Саодати маҳаллаи Маърифати шаҳри Тирмиз Содиқова Маҳбуба (таваллудаш 12.01.2005) ва сокини кӯчаи И. Каримови маҳаллаи Маърифати шаҳри Тирмиз Юлдашева Азизаро (соли таваллуди 27.02.1992) бо амали ғайриқонунии савдои одам дастгир карданд. Маълум гардид, ки онҳо забон як карда, мехостанд «Н» ном шахсро барои ҷалби фоҳишагӣ ба воситаи фурудгоҳи Тошканд ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон фиристанд. Ин амали ғайриқонуниро ходимони ҳифзи ҳуқуқ пай бурда, онҳоро дастгир карданд ва ҳоло бо тартиби муайян ҳуҷҷатҳо расмӣ гардонида шуда, корҳои тафтишотӣ мебаранд.

Р.ЁҚУБОВ,
вакили зудамали Шӯъбаи таъмини бехатарӣ дар нақлиёти вилояти Самарқанд