Ovozi.uz

Аз қувваи барқ оқилона истифода баред!

Пресс-тур

— Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки чанде пеш таҳти раёсати сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев гузаронида шуд, ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқу газ эътибори калон дода шуд, — гуфт роҳбари таъминоти барқи ноҳияи Тайлоқ Акбар Сиддиқов дар аввали пресс-туре, ки дирӯз дар ноҳия баргузор гардид. — Президентамон таъкид карданд, ки сарфакорӣ бояд аз ҳисоби кам кардани талафот, ҷорӣ намудани технологияҳои камхарҷ амалӣ шавад. Мо аз рӯйи ин нишондодҳо корро ба роҳ монда, оқилона истифода бурдани қувваи барқро дар ноҳия ташкил мекунем. Бо ин мақсад, нақшаи махсус тартиб додем ва аз рӯйи он кор мебарем. Ташкили корҳо бобати таъмири трансоформаторҳои мавҷуда, нав кардани баъзеи онҳо, кашидани ноқилҳои барқгузаронии SIP, иваз кардани симчӯбҳои пешина бо сутунҳои бетонӣ ва тарғибу ташвиқи дурусти истифодаи оқилонаи қувваи барқ аз ин ҷумлаанд.
Ҳангоми пресс-тур маълум гардид, ки шабакаи хати барқи ноҳия 1433 километрро ташкил карда, ба аҳолии ноҳия се нимстансия хизмат мерасонанд. Барои пешгирии ҳолатҳои садамавӣ ва таъмини мунтазами барқ 5 бригадаи хизматрасонӣ амал мекунанд. Имкони ташкили боз як бригада пешбинӣ гардидааст. Қариб дар тамоми хонаводаҳои аҳолӣ ҳисобкунакҳои барқии «боақл» гузошта шудаанд.
Тарғибу ташвиқи истифоди босамари қувваи барқ, аз қабили ба ҷойи лампаву ускунаҳои техникии сермасрафи барқӣ истифодаи асбобу ускунаҳои каммасраф пурзӯр мегардад.

Б.ҶУМЪАЕВ