Рӯзи 26‑уми январи соли равон сессияи навадупанҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С. Усмонов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал рӯзнома, тартиби кор ва котиби сессияро тасдиқ карданд.
Сипас, ҳисоботҳои сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ф. Болтаев, сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят С. Зайниев роҷеъ ба таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми декабри соли 2022 «Дар бораи чорабиниҳои таъмини иҷрои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2023» шунида шуд.
— Дар соли 2023 барои хазинаи музди меҳнати яксолаи 1272‑то мактаби таълими умумии вилоят ва иловаҳо ба музди кор аз буҷети ҷумҳурӣ 3 трлн. 216 млрд. 692 млн. сӯм маблағ ҷудо карданд, — гуфт Ф. Болтаев. — Аз буҷети маҳаллӣ барои хароҷоти ҷорӣ, аз ҷумла, музди кор ва иловаҳои он, пардохтҳои коммуналӣ, хариди воситаҳои асосӣ, сохтмону таъмир ҳамагӣ 331 млрд. 779,4 млн. сӯм маблағ сарф шуд. Соли гузашта барои фонди музди кории 745‑то ташкилотҳои таълими томактабӣ, аз буҷети ҷумҳурӣ 396 млрд. 588 млн. сӯм ва аз буҷети маҳаллӣ 119 млрд. 154,7 млн. сӯм тақдим гардид. Идораҳои ваколатдори дахлдор истифодаи бомақсади ин маблағҳоро омӯхтанд. Маълумотҳои нодуруст ва норасоиҳое, ки дар рафти омӯзиш муайян шуданд, барои баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба идораи ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуданд.
Ҷонишини якуми сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Д. Асадов дар ҳисоботи худ маълум кард, ки дар соли 2023 барои хароҷоти ҷории ташкилотҳои сохтори тандурустии вилоят аз буҷети маҳаллӣ 814,5 млрд. сӯм, барои тайёр кардани лоиҳаи объектҳо, сохтан (тармим) ва ҷиҳозонидани онҳо 97,6 млрд. сӯм ҷудо карда шуд.
— Маблағе, ки барои хароҷоти ҷорӣ пешбинӣ шудааст, ба се самти асосӣ сарф карда шуд, — гуфт Д. Асадов. — Инҳо музди кор ва пардохтҳои ба он баробар, иловаҳо ба музди кор ва устувор кардани пойгоҳи моддиву техникӣ мебошанд.
Солҳои охир бо мақсади ба зинаи нав баровардани ислоҳоте, ки дар сохтори тиб амалӣ мешаванд, бар асоси ғояи неки «Барои қадри инсон» баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизмати тиббие, ки ба халқ расонида мешавад, инчунин, бартараф кардани муаммоҳои сохтор, қисми асосии маблағҳои ҷудогардида барои устувор намудани пойгоҳи моддиву техникӣ сарф карда мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта барои хароҷоти ғизои беморон 31,9 млрд. сӯм, доруву дармон ва лавозимоти ҷароҳатбандӣ 57,3 млрд. сӯм, хариди либос ва таҷҳизоти нарм 4,2 млрд. сӯм ҷудо карда шуд. Сарфи мақсадноки ин маблағҳоро идораҳои ваколатдори дахлдор омӯхтанд.
Намояндагони халқ таъкид карданд, ки соҳаҳои таълим ва тандурустӣ истифодабарандагони қисми асосии маблағи дар вилоят сарфашаванда мебошанд, ки аз буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда мешавад. Бинобар ин, масъалаҳои мазкурро дар ҳар чоряк як маротиба муҳокима кардан зарур аст.
Ҳисоботи ҷонишини Садорати корҳои дохилии вилоят — сардори идораи хидмати бехавфии ҷамоатӣ Х. Умаров ба корҳо бобати таъмини бехавфии ҷамоатии вилоят дар семоҳаи чоруми соли 2023, корҳое, ки дар ҳамкорӣ бо субъектҳои таъминкунандаи бехавфии ҷамоатӣ ва иштирокдорони он амалӣ гардидаанд, бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки дар вилоят чорабиниҳои зудамал чун «Ҳудуди бехавф», «Оилаи бехавф», «Назорат», «Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», «Моҳонаи бехавфии ҷамоатӣ» ташкил гардида, корҳои профилактикии васеъмиқёс амалӣ шудаанд. Ба 65 маҳаллае, ки вазъияти криминогении вазнин доранд, роҳбарони сектор ва тартиботу ҳуқуқи сатҳи вилоятӣ, ба 273‑то маҳаллаҳои тоифаи «Сурх» сарварони сатҳи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вобаста гардиданд.
Ба 2232 нафар занҳое, ки аз тазъйиқ ва зӯроварӣ ҷабр дидаанд, «Ордери ҳимоя» тақдим гардида, шахсони онро содиркарда зери назорат гирифта шуданд.
Аз 1126 маҳалла дар 437‑тоаш ё 38,8 дарсадаш ба содир кардани ҷиноят роҳ дода нашудааст, 154 маҳалла аз категорияи «Сурх» ба категорияи «Зард» гузаронда шуданд.
Вакилон дар маҷлис, ҳамчунин гузориши сардори раёсати бехавфии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилӣ Ш. Бойхӯрозовро дар бораи рафти иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои таъмини бехавфии инсон ва бо зудӣ кам кардани ҳалокат дар роҳҳо»-ро шуниданд.
Дар фарҷоми маърӯза вакилон ба сардорони раёсат ва кормандони сохтори бехавфии роҳ оид ба ҳифзи боэътимоди ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, таъмини мутобиқати пурраи инфрасохтори роҳ ба талаботи бехавфӣ, амиқ омӯхтани вазъияти сабабҳои фалокат дар роҳҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони ахборӣ дар соҳаи бехавфии ҳаракат таклифҳои худро баён намуданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки ҷиҳати оммавӣ гардонидани сохторҳои автоматикунонидашудаи назорат, ки омили инсонӣ ва ҳолатҳои фасодро истисно мекунанд, чораҳо андешида шаванд.
Ҳамчунин, дар маҷлис масъалаи ставкаҳои андози заминҳои ғайрикишоварзӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонии вилояти Самарқанд барои соли 2024 дар асоси рушди иқтисоди шаҳру ноҳияҳо ва инчунин кам кардани коэффициентхое, ки ба арзиши мутлаки амволи гайриманкул хангоми хисоб кардани андози амволи шахсони хукуки дар вилоят барои соли 2024 истифода мешаванд, баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Дар сессия инчунин, масъалаҳо оид ба тағйир додани сарҳадҳои маъмурию ҳудудии шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд ва Оқдарёи вилояти Самарқанд, тасдиқи рӯйхати манзилноки корҳои сохтмони роҳҳои сементӣ-бетонӣ дар вилояти Самарқанд дар солҳои 2023–2024, натиҷаҳои иҷрои нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти ҷонишинҳои ҳокими вилоят аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи чоруми соли 2023 ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои намояндагони халқи вилоят барои нимсолаи якуми соли 2024 баррасӣ гардиданд.
Аз рӯи масъалаҳои дар маҷлис муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ муҳокима гардиданд
