Ovozi.uz

Бекҳо — маҳаллаи биҳиштосо

Рӯзнома меҳмони маҳалла

Маскани обод, мардуми меҳмоннавоз…

Қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Бекҳо масоҳати калон надошта бошад ҳам, яке аз маҳаллаҳои маъруф ва қадимии шаҳри Самарқанд аст. Маҳалла, хусусан, бо мардуми меҳмоннавоз ва обу ҳавои тозаву муътадили худ шуҳрат пайдо кардааст.

— Дар 422 хонадони 11 кӯчаи маҳалла 2445 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд, — гуфт раиси маҳалла Олимҷон Орифов. — Як қисми сокинони маҳалла дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд. Боқимонда бо соҳибкориву ҳунармандӣ шуғл меварзанд. Дар маҳалла 2 сартарошхона, 3 қассобхона, 4 ороишхона, 5 нуқтаи дӯзандагӣ, якчанд мағоза, нуқтаҳои таъмири автомобилҳо ва устохонаи кондитсионерҳо мавҷуд аст.

Маҳалла аз Шимол ба маҳаллаҳои Лолазор ва Хоҷа Ғулом, аз Ҷануб ба Хаймари Боло ва Хаймари Поён, аз Ғарб ба Кӯл ва Темур, аз Шарқ ба Дукчиён ҳамсарҳад аст.

«Бекҳо» — яъне чӣ?

Маҳалла таърихи чансадсола дорад, вале соли таъсиси он дақиқ муайян нест.

Бобати мазмуни номаш ҳам фикру тахминҳои гуногун вуҷуд доранд. Мувофиқи фарзияе, номи маҳалла нахуст «Беҳгоҳ», яъне ҷои барои зисту зиндагонӣ беҳтар буда, рафта-­рафта ин вожа ба «бекҳо» табдил ёфтааст. Мувофиқи ривояте, гӯё 7 нафар одамони сарватманд — Қойирбек, Фозилбек, Ҳамидбек, Шодибек, Саидбек, Тоҳирбек ва Алибек ба ин минтақа омада, зиндагониро ба роҳ мондаанд ва аз ин рӯ, ин ҷойҳо «Бекҳо», яъне макони зисти бекҳо ном гирифтааст.

Тибқи фарзияи дигар, вақте Соҳибқирон Амир Темур ба Эрон лашкар кашида, шаҳри Мозандаронро забт менамояд, авлодони Муҳаммад пайғамбар (с)-ро, ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва онҳоро «Бекҳо» мегуфтанд, ба Самарқанд меорад.

Фидоиёни маҳалла

Маҳалла бо одамони маъруфу шинохтаи худ низ шуҳрат дорад, ки яке аз онҳо Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Рустам Мансуров мебошад. Р.Мансуров солҳои зиёд дар Театри давлатии Самарқанд (ҳоло Театри драмаи мусиқии вилоят) фаъолияти эҷодии худро пеш бурда, дар спектакли «Алишер Навоӣ» нақши Ҳусайн Бойқаро, дар спектакли «Отелло» нақши Отелло, дар спектакли «Ревизор» нақши мэр ва ғайраҳоро иҷро кардааст.

Р.Мансуров дар вақти куҳансолии худ якчанд сол раиси маҳаллаи Бекҳо буд ва ба ҳурмату эҳтироми сокинон сазовор гардид.

Бояд гуфт, ки ба ободиву фаровонии маҳалла раисони фидоии он, аз ҷумла Орифқул Мансуров, Ашраф Муҳаммадиев, Абдуваҳҳоб Ахмедов, Муҳсин Собиров, Маҳмуд Собиров, Соир Имомов, Субҳон Амонов, Абдувоҳид Дӯстов ва якчанд нафари дигар низ саҳми муносиби худро гузоштаанд. Ҳоло ин вазифаро О.Орифов ба уҳда дошта, ӯ низ дар роҳи ободии маҳаллаву осоиштагии сокинони он кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар қатори фидоиёни маҳалла номҳои адмирал Наим Ҷалолов, генерал Комил Ӯрунов, қаҳрамони Чехословакия Амон Халилов, полковник Хол Сайфиев ва ғайраҳоро низ бояд зикр намуд, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он дар соҳаи ҳарбӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд.

Иттифоқи «ҳафтгонаи маҳалла» самара медиҳад

Имрӯзҳо намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» дар якҷоягӣ, паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, дар роҳи зиндагии фаровони аҳолии маҳалла ҳаракат мекунанд.

Дар оғози соли 2026 дар реестри камбизоатони маҳалла 41 шаҳрванд сабти ном шуда буд. То имрӯз 15‑тои онҳо аз реестр бароварда шуданд. 8 нафари онҳоро ба касбу ҳунар омӯзониданд ва ба 4 нафар кредити имтиёзнок доданд. 3 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Ғайр аз ин, дар моҳҳои сипаришудаи соли равон 65 нафар сокини маҳалла худро бо шуғл машғул намуда, 4 фаъолияти соҳибкорӣ низ ташкил гардидааст.

Парвина Хоҷиева яке аз бонувоне мебошад, ки аз имкониятҳо самаранок истифода намуда, фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ мондааст.

— Бо ёриву дастгирии масъулони маҳалла кредити имтиёзнок гирифтам ва 3 мошинаи дӯзандагӣ харида, дар хонаи худ фаъолияти сехи хурди дӯзандагӣ кушода, фаъолияти ҳунармандии худро ба роҳ мондам, — фаҳмонд ӯ. — Ҳоло дар ин ҷо 12 нафар кор мекунем ва ба 6 нафар духтарони ҷавону мактабхон низ сирру асрори дӯзандагиро меомӯзем. Нияти дар оянда васеътар кардани фаъолиятамро дорам. Аз ҷумла, боз 7 мошинаи дигар харида, теъдоди коргаронамро ба 20 нафар расониданӣ ҳастам.

Дар маҳалла корҳои оид ба ҷавонон ва варзиш низ хуб роҳандозӣ гардидаанд. Якчанд рӯз пеш ҷавонони маҳалла дар марҳилаи вилоятии Ҷоми хидмати бехатарии давлатӣ оид ба мини-футбол ҷои дуюмро соҳиб гаштанд, ки ин низ натиҷаи андак нест.

Муаммоҳои сокинон: қубури кӯҳна, роҳи таъмирталаб…

Ҳарчанд маҳаллаи Бекҳо бо зевоиву ободии худ диққати меҳмонону роҳгузаронро ҷалб менамояд, вале вақте аз роҳи асосии маҳалла убур мекунед, муаммое баръало намоён мешавад. Ин муаммои роҳ аст. Дар ҳарҷо-­ҳарҷои роҳи асосии маҳалла, ки шаҳрро бо ноҳияи Самарқанд мепайвандад, чуқурчаҳои хурду калон вуҷуд доранд ва онҳо ба ҳаракати бехатарии нақлиёт монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Масъулони маҳалла барои бартараф кардани муаммо ба идораҳои дахлдор борҳо ариза навишта, дархостҳо кардаанд, вале домани онҳоро ҳамеша бо ваъдаҳои пуч пур мекунанд.

— Дар маҳаллаи Бекҳо муаммоҳое вуҷуд доранд, ки хеле вақт боз ҳалли худро интизоранд, — таъкид кард депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд Фазлиддин Ғайбуллаев, ки аз ин минтақа интихоб шудааст. — Масалан, гоҳ-гоҳ баъзе ҷойҳои қӯбури оби нӯшокии зери роҳи асосии маҳалла, ки дарозиаш 900–950 метр буда, дар солҳои 60‑уми асри гузашта гузошта шудааст ва имрӯз ба талаб ҷавоб намедиҳад, шикоф мешавад. Дар натиҷа, ҳолати роҳ ҳам хароб мегардад. Мо ба ташкилотҳои дахлдори болоӣ ва идораи оби шаҳр дархост ва муроҷиатҳои депутатии худро ирсол намудаем. Мутасаддиён меоянд, аз ҷойҳои даркорӣ андоза мегиранд, ваъдаҳо медиҳанду мераванд. Вале оид ба ин масъала ҳоло ягон кори амалӣ сурат нагирифтааст. То масъалаи қӯбури кӯҳна бартараф карда нашавад, муаммоҳои роҳ ҳам ҳал намегарданд.

— Ҳар гоҳ дар масъалаи роҳ муроҷиат кунем, танҳо як ҷавоб мешунавем: «ба барнома ворид мекунем», вале касе намедонад, ки кай? — гуфт сокини маҳалла С.Амонов. — Дар як рӯз тахминан ҳазор мошин мегузарад, вале дар роҳ қариб 60 чуқурча. Мошинро ба ин тараф гардонӣ, ба он чуқурча, он тараф гардонӣ, ба ин чуқурча меафтад.

Дар маҳалла зиёда аз 60 симчӯби кӯҳнаи дар солҳои 60–70‑ум гузошта ҳаст, ки бояд бо симчӯбҳои бетонӣ иваз карда шаванд. Вале вобаста ба ин масъала ҳолати аҷиб вуҷуд дорад.

— Ба маҳалла тақрибан ду сол пеш 3–4 дона симчӯби бетонӣ оварда, дар паҳлӯи симчӯбҳои кӯҳна гузоштанд, — афзуд депутат Ф.Ғайбуллаев. — Вале симҳои онҳо иваз карда нашудаанд ва симчӯбҳои кӯҳнаро барнакандаанд. Вобаста ба ин масъала ба Ҷамъияти саҳҳомии шабакаҳои барқи шаҳри Самарқанд муроҷиат кардем. Онҳо низ «мекунем» гуфта, ваъда медиҳанду ҳанӯз дар амал коре анҷом надодаанд.

Хулоса, ҳеҷ ҷой бе норасоӣ намешавад. Умедворем, камбудиҳои маҳаллаи Бекҳоро низ дар рӯзҳои наздик бартараф мекунанд ва он боз ҳам зеботару ободтар мегардад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ