Ovozi.uz

Муаммоҳое, ки ба онҳо эътибори масъулон даркор

Бо ташаббуси депутатҳо чанд муаммоҳои дар маҳаллаҳои Самарқанд мавҷудбуда омӯхта шуданд, ки барои ҳалли онҳо масъулони соҳа бояд эътибор диҳанд…

Ба қарибӣ депутати Палатаи қонунгузорӣ Зебинисо Раҳмонова ва намояндаи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Самарқанд Баҳодур Раҳмонов аввал ба маҳаллаи Боғи баланд барои омӯхтани масъала ва муаммоҳои мавҷуда сафар карданд. Дар бинои маҳалла раис, ёрдамчии ҳоким, масъули зан-духтарон, инспектор ва дигарон ба намояндагони халқ роҷеъ ба камбудиҳое, ки имрӯз дар миқёси вилоят ҳалли худро намеёбанд ҳарф зада, барои хуб намудани вазъият таклифу пешниҳодҳояшонро баён карданд.

— Яке аз муаммоҳои муҳиме, ки дар маҳаллаи Боғи баланд ба назар мерасад, ин 26 дона симчӯбҳои бетонии нави барқро ташкилотҳои масъул ба ҷои худ нагузоштаанд. Ин барои бартараф намудани кандашавии барқи маҳалла муҳим аст, — гуфт раиси маҳалла Ҳамроқул Усмонов.

Инчунин, таъкид гардид, ки аз ҷониби сокинони маҳалла барои дар як ҳафта ду маротиба қарордод баста шуда бошад ҳам, сари вақт бароварда нашудани партовҳо ва дар ду ҳафта як маротиба баровардани онҳо боиси эътирози сокинон мегардад.

Дар давоми сафар вакилони халқ аз фаъолияти деҳқонӣ ва боғбонии маҳаллаи Боғи баланд дидан кард. Дар он ҷо хоҷагиҳои фермерии «Боғи Баланд анжирлари», «Мажидов Ҳожи бобо боғлари», «Жаббор Қодиров Боғлари», «Каримжон Ҳусенов боғлари» фаъолият доранд.

6‑уми сентябри соли 2023 ба маҳаллаи Боғи баланд унвони маҳаллаи сайёҳӣ дода шуда буд. Аз сабаби ҳудуди таърихӣ ва макони анҷирзорҳо будани он бунёди гармхона дар минтақаи маҳалла боиси эътирози як гурӯҳ сокинон гардидааст. Аз ин рӯ, депутатҳо аз ин гармхона низ дидан кард. Соҳибкор Р.Мӯъминов гуфт, ки дар ин гармхона мақсади парвариши навъи дар чор фасл ҳосилдиҳандаи анҷирро дорад.

— Агар парвариши ин навъ дар гармхонаи баландиаш панҷметрӣ бо муваффақият анҷом ёбад, як воқеаи таърихӣ мешавад, — гуфт фермер.

Сокинон бар ин ақидаанд, ки дар 4 сотих замини анҷирзор сохта шудани гармхона аз ҷониби деҳқон Рустам Мӯъминов ба ҷолибияти мавзеи сайёҳӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Объекти навбатӣ, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҷараёни сохтмони бинои 4-ошёнаи таълимии дорои 1000 ҷойи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуд. Ин бино, ки дар он факултети системаҳои зеҳнӣ ва технологияҳои компутерӣ ҷойгир мешавад, аз ҷониби ташкилоти сохтмонии ҶММ «КАМИЛА» бунёд мегардад. Ба гуфтаи масъулон, бино то 1‑уми майи соли равон ба истифода супурда мешавад.

Вакилони халқ бо рафти корҳои сохтмон шинос шуда, бо сохтмончиён сӯҳбат кард.

Депутатҳо инчунин, ба маҳаллаи «Мӯлиёни поён» рафта, бо «ҳафтгонаи маҳалла» мулоқот кард. Фаъолони маҳалла таъкид намуданд, ки дар ҳудуди онҳо 80 симчӯб ва симҳои онҳо барои истифода ношоям шудааст. Аз 540 хонавода 100‑тоаш мушкили нарасидани оби ошомиданӣ дорад.

Ғайр аз ин, худсарона аз худ карда шудани объекти мероси мадании вобаста ба асрҳои XIX–XX аз ҷониби шаҳрванд Х.А. ба эътирози фаъолони маҳалла сабаб мешавад. Депутат дар ин бора баррасӣ гардидани масъала аз ҷониби ташкилотҳои масъулро маълум кард.

Боз як муаммои муҳими маҳалла, ки аз ҷониби раис Илҳом Алимов махсус таъкид гардид, роҳи атрофи ҷӯйбори аз назди маҳалла гузашта буда, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ худсарона баста шудааст.

— Ин барои ба мактаб рафтани мактаббачагон нороҳатӣ пайдо мекунад. Ғайр аз ин, агар об бисёр шавад, ҳудуди чандин хонаро вайрон мекунад, — гуфт раиси маҳалла.

Ба фаъолони маҳалла маълум карда шуд, ки ин масъала бо иштироки масъулони кадастр ва ободонӣ баррасӣ мегардад.

Манзили охирини сафари депутатҳо мавзеи Қаросув шуд. Ӯ дар он ҷо бо сохтмони биноҳои бисёрқабата, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 32 аз 9‑уми декабри соли 2021 «Дар бораи чораҳои таъмини сохтмони массивҳои «Ӯзбекистони Нав» ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо» сохта мешаванд, шинос шуданд.

Бо ҳамин як рӯзи депутатҳо ба поён расид.Шаҳзод КЕНҶАЕВ