Бар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Сессияи наваду ҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 26-уми апрели соли 2024 даъват карда шавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил кунанд:
— ҳисоботи директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самарқанд сув таъминоти» К. Юсуфов аз рӯйи таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23‑юми октябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагӣ аз рӯйи такмилдиҳии минбаъдаи системаи таъминоти оби ошомиданӣ ва партовобҳо» таҳти рақами ҚП‑343 дар вилоят;
— ахбори намояндаи минтақавии вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) дар вилоят Д. Ҳусейнов роҷеъ ба корҳое, ки дар соли 2023 амалӣ гардидаанд;
— дар бораи тасдиқи миқдори тарифҳои пардохти ҳатмӣ барои хидматрасонӣ аз рӯйи ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳои маишӣ дар минтақаҳо;
— дар бораи ворид кардани тағйирот ба ҳудуд (сарҳад)-и Минтақаи саноатӣ ва тадбиркории ҷавонони ноҳияи Пастдарғам;
— дар бораи дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба пурзӯр намудани масъулияти шахсии ҷонишинҳои роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷрои маҳаллӣ бобати адои вазифаҳои дар ӯҳдаашон гузошташуда» таҳти рақами ҚП‑5230,
— иҷрои нишондиҳандаҳои самарадории фаъолияти ҷонишинҳои ҳокими вилоят дар чоряки I ва тасдиқи нақша барои чорякҳои II, III, IV соли 2024;
— дар бораи дар асоси қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10‑уми феврали соли 2024 таҳти рақами SQ‑875- IV тасдиқ кардани барномаи чорабиниҳои маҷмӯӣ аз рӯйи татбиқи Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ то соли 2030 дар вилоят барои соли 2024;
— дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
— дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят.
Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
19-уми апрели соли 2024.
