Ovozi.uz

Шумораи китобхонони марказ ба 26 ҳазор нафар расид

Рӯзҳои 22–26‑уми апрел дар маркази ахбор-­китобхонаи вилоят таҳти шиори «Миллати китобдӯст» 4‑умин «Ҳафтаи китобхонӣ»-и ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар давоми ҳафта байни донишҷӯву ҷавонон, ходимони корхонаю ташкилотҳо вохӯриҳои гуногун, бозиҳои интеллектуалӣ ва викторинаҳо ташкил карда мешаванд.
Дар доираи ҳафта аксияи «Ба китобхонаи дӯстдоштаам китоб ҳадя мекунам», сайри китобхона ва тақдимоти китобҳо гузаронида мешаванд.
Ба ҳамин муносибат дар Маркази ахбор-­китобхонаи вилоят тадбири ифтитоҳии ҳафтаи китобхонӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони ҳокимияти вилоят, эҷодкорони Самарқанд ва хонандагони мактабу муассисаҳои таълими олӣ иштирок карданд.
Тадбирро Ғайрат Бозоров, ҷонишини директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пахши мустақим, ки аз тамоми вилоятҳои кишварамон пайгирӣ менамуданд, ҳусни ифтитоҳ бахшид. Рустам Қобилов, ҷонишини ҳокими вилоят оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ оиди корҳои амалигардида дар роҳи баланд бардоштани сатҳи китобхонӣ дар байнӣ ҷавонон, дастовардҳо ва нақшаҳо ба иштирокчиёни тадбир маълумот дод.
— Маълум аст, ки шаҳри Самарқанд имсол пойтахти фарҳангии ИДМ эълон карда шуд. Ба ин муносибат чанде пеш чорабиниҳои фарҳангӣ оғоз гардиданд. Қариб бист чорабинии асосӣ то охири сол ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, рӯзи 15‑уми май дар Самарқанд форуми китобдорони кишварҳои ИДМ баргузор мегардад ва мо ба ин анҷуман фаъолона омодагӣ мебинем, — гуфт Р. Қобилов.
Инчунин, Зебинисо Шодиева, директори Маркази ахбор-­китобхонаи вилоят таъкид намуд, ки дар муассиса ба туфайли фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои хонандагон, шумораи китобхонон дар панҷ соли охир аз 872 нафар ба 25835 нафар расидааст.
— Миқдор ва сифати чорабиниҳои китобхонӣ низ меафзояд, — гуфт директори марказ. — Дар давоми ҳафта дар марказ муаррифии китобҳои нав, вохӯриҳо бо эҷодкорон ва озмунҳои гуногуни китобхонӣ ташкил карда мешаванд.
Дар доираи маросими ифтитоҳи ҳафта аз ҷониби маркази ахбор-­китобхонаи вилоят ба намояндагони ташкилотҳои ҳамкор, аз ҷумла ба таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» низ ташаккурнома тақдим карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар давоми ҳафтаи китобхонӣ дар ин марказ гузаронидани чанд тадбир ба нақша гирифта шудааст. 23‑юми апрел бахшида ба 146‑солагии таваллуди Садриддин Айнӣ маҳфил гузаронида шуд. Ғайр аз ин, ташкил кардани маҳфили адабӣ бахшида ба 70‑умин солгарди зодрӯзи Муҳаммад Юсуф таҳти унвони «Шоире, ки аз килкаш дур рехт», тақдимоти китоби «Нигоҳи равшани Улуғбек»-и Зуҳрабегим Эшонқулова ва чанд эҷодкорони дигар дар назар аст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.