Шоири тавонову маъруфи мо Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) ба синни мубораки 70 қадам мегузорад. Ба ҳамин муносибат мо бо ӯ мусоҳибае оростем, ки роҳи ҳаёту эҷодиёти шоирро каму беш равшан менамояд.
— Аз баландии ин қуллаи 70‑солагӣ ба поин нигаред, сояи давраҳои тифливу бачагӣ намудор мегардад. Аз овони кӯдакиву наврасӣ чӣ лаҳзаҳоро ҳоло ба ёд оварда метавонед?
— Оре, воқеан бо марҳамату инояти Худованди карим синни ҳафтодро пур мекунам. Бовари кас намеояд. Мирзо Абдулқодири Бедил — ин шоири соҳирбаёну нодирагуфтор ҳақ аст, ки мефармояд:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Камина низ боре дар мавзӯи фавқ рубоие сурудаам:
То мижжа ба ҳам задем, даврон бигузашт,
Рӯзону шабони рӯзгорон бигузашт.
То фурсати илтифоти маъшуқа расид,
Ошиқ ба дареғ рафт, Паймон бигузашт.
Гӯё дирӯзакак мактабраву донишҷӯву омӯзгор будем.
Зодгоҳи ман Ҷамоати шаҳрвандони Синтоб, собиқ хоҷагии ҷамоавии ба номи Максим Горкии ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарёст. Волидайнам Давлат Тӯхтаев ва Сурат Шодмонова аз аҳли маърифат буданд. Падар омӯзгори фанҳои таърих ва ҷуғрофия буд, вале ба адабиёту санъат дилбастагии зиёд дошт, китоб ва достонҳои таърихиву бадеиро бисёр мутолиа мекард, баъзан дар суру базмҳои дӯстону қарибон суруд мехонд, барои худ шеър ҳам мегуфт.
Ӯ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз оғози соли 1942 то охири соли 1944 иштирок карда, бо ҷангу набардҳо аз Сталинград то Украина рафта, баъди захмдор шудану дар госпитали ҳарбии Боку табобат гирифтан, ба ақибгоҳ баргашта, нахуст дар зодгоҳаш — деҳаи Синтоби ноҳияи Фориш (ҳоло Нурато), сипас дар хоҷагии ҷамоавие, ки дар боло зикр гардид, боз ба омӯзгорӣ пардохтааст. Шояд бар асари он ҷанг буд, ки аввали солҳои шастуми қарни гузашта ба беморӣ печида, аз кор дар мактаб барканор гардид. Табобатҳои дуру дароз суд накарданд, аз ин рӯ бо маслиҳати табибону корафтодагон дубора бо аҳли оила ба зодгоҳаш — деҳаи кӯҳии Синтоби хушобу ҳаво кӯч баст. Ин баҳори соли 1964‑ум буду ман хонандаи синфи чаҳорум. Ман таҳсилро дар мактаби ҷойгоҳи нав давом дода, онро соли 1972 хатм намудам. Азбаски ба адабиёт ва ихтисоси падар — таърих муҳаббати бештар доштам, мехостам журналист бошам. Баъзан шеърҳои бачагонаву ҳаҷвӣ менавиштам. Онҳо ҳатто дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикитон» — «Анбоз»-и кунунӣ ва маҷаллаи «Машъал» — «Истиқбол»-и имрӯза чоп мешуданд, вале бовар кунед, дар сар хаёли шоир шудан надоштам. Он бароям қуллаи дастнорас метофт.
— Дар донишкада пешу қафо якҷоя таҳсил гирифтан ба мо насиб гардидааст. Ҳосили он солҳо дар зиндагиву эҷодатон чӣ гуна ёрӣ расонд? Хотироти гуворову ногувори даврони донишҷӯӣ шуморо тарк накардааст?
— Чун мову Шумо тақрибан ҳамсолем, шояд дар ёд дошта бошед, ки он солҳо дар байни ҳамсиннони мо муҳаббат ба касби журналистӣ хеле баланд буд. Бо ин умед донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ шудам, ки он, мутаассифона, сонитар аз байн рафт. Падарам низ пас аз даҳ соли дурӣ аз мактаб ва комилан шифо ёфтан, бо тавсияи духтурон аз нав бо касби дӯстдоштаи худ машғул шуд. Дар донишкада аз устодони соҳаи худ, ки мутаассифона, алъон ҳамагон ба Ҳақ пайвастаанд, забоншиносон Самариддин Аслиддинов, Султон Иброҳимзода, Лӯъбат Назарова, Хуршед Қамариддинов, адабиётшиносон Холиқ Мирзозода, Бахтиёр Насриддинзодаву Салим Кенҷа… асрори забон ва адабиёт, аз ҷумла шеъру суханро омӯхтам. Ба мо, донишҷӯёни он солҳо, ба хусус, ба мани ташнаи шеъру адаб сабақҳои профессор Холиқ Мирзозода, ки аз Душанбе даъват шуда буд, басо мақбул буданд. Зеро ӯ аз илми шеъру арӯз ҳам вуқуфияти хубу комил дошт. Худаш низ шеър мегуфт, ҳарчанд ошкор намекарду ба чоп намесупурд. Устод чун аз дилбохтагиву завқам ба шеъру шоирӣ огоҳ шуд, маро гоҳе барои сӯҳбати хоса ба ҳузураш мехонд, шеърамро аз забони худам гӯш мекард, ғалатҳои мантиқиву сохтории онҳоро бо тамкини ба худ хос мефаҳмонд, нуқсашонро дар арӯз ва таносуби сухан бурдборона тавзеҳ медод. Зиёда аз ин, қубҳу ғалати шеъри шуарои ба ном шӯравии тоҷик, ҳатто шоирони машҳурро бо мисолҳо аз ашъори эшон қотеъона собит менамуд. Дар поёни ин гуна сӯҳбатҳо, балки сабақҳои махсус хоҳиш мекард, ки аз вай бинобар сахтгириаш наранҷам ва он чӣ дар ин суҳбатҳо нисбати шеъри дигарон шунидаам, дар байни мо монад, зеро аксари онон «дастнорас» буданд… Умуман Холиқ Мирзозода, ба ҳар маънӣ устод буд ва ман аз толеъ бағоят хушу шукргузорам, ки маро хеле баҳангом бо чунин бузургвори илму адаб рӯ ба рӯ, балки ошно кард. Ҳамин тариқ, чаҳор соли таҳсил дар донишкада, чаҳор соли пур аз ҷӯши ҷавониҳо, чаҳор соли шодоби меҳру муҳаббатҳо ва орзуву ҷустуҷӯҳо дар Самарқанди азизи дилҳо, шаҳри бостониву достонӣ бо саъю кӯшиши омӯзишу пажӯҳишҳо хатм ёфт. Дар васфи ин шаҳри ишқу ҷавониҳои худ дертар ғазале гуфтаам, ки чунин абёт дорад:
… Агар ман қоили шаҳреву шеъре булъаҷаб бошам,
Ба сад ҷон қоили устову устоди Самарқандам…
Бад-он қадре бухороиву хатливу хуҷандиям,
Ҳамон андоза, балки беш з-афроди Самарқандам…
Соли 1977 бо дипломи аъло ба деҳа баргаштам ва муддати қариб шаш сол дар мактаби рақами 38‑и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, дар ҳамон маърифатгоҳе, ки замоне таҳсил доштам, омӯзгори забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ таъин шудам. Ин ҷо бояд як нуктаро зикр кунам, ки он айём дар мактабҳои тоҷикии ноҳияи мазкур забони форсӣ ба сифати забони хориҷӣ омӯзонида мешуд. Соли 1982 маро барои кор дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба Тошканд даъват карданд. Аз он вақт то имрӯз дар ҳамин рӯзнома, ки ҳоло дубора «Овози тоҷик» ном гирифтааст, кор мекунам. Муҳаррири бахши фарҳанги рӯзнома ҳастам. Дар ин муддат аз устодон, ба хусус сармуҳаррир Шавкат Ниёзов, муовини ӯ, журналист, нависанда, тарҷумони моҳир, донишманди бесобиқа Муҳсин Умарзода ва дигарон сабақ омӯхтам, чандин бор ба комёбиҳо муваффақ шудам, ғолиби озмуни «Журналисти сол»-и ҷумҳурӣ гардидам.
Яъне метавонам бигӯям, ки то ҳадде ба орзӯйи деринаи худ расидам, журналист шудам.
— «Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан» гуфтааст Сайидо. Устодон дар ҳаёту корҳои эҷодиатон чӣ гуна таъсир кардаанд?
— Дар мавриди посух ба пурсиши Шумо аз устодоне, ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии банда таъсиргузор будаанд, пеш аз ҳама, номҳои устоди нахустини солҳои мактабии хеш, муаллими фанҳои забон ва адабиёт, шодравон Саломатулло Олибоев, омӯзгорони донишкадаи зикршуда, устодони равоншод Салим Кенҷаву Хуршед Қамар ва тавре дар боло аллакай гуфтам, профессор Холиқ Мирзозодаро бо ихлосу сипос ба забон мебарам. Камина алифбои адабиёт, алифбои шеъру шоириро маҳз аз эшон омӯхтаам.
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.
