Акнун ёрдамчии ҳоким дар ҳар се моҳ истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои ба иҷора додашударо меомӯзад.
Ҳангоми омӯзиш, агар дар ҳавлиҳо ё заминҳои иҷоравӣ кишт нашуда бошад ва заминҳо беназорат монда бошанд, чораҳои зерин татбиқ мешаванд:
— кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда намешавад;
— кӯмакҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла, кӯмаки моддӣ ё кӯмакпулӣ барои кӯдакон) ба шаҳрвандоне, ки дар феҳристи ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ сабт шудаанд, боздошта мешавад;
— андози замин се баробар зиёд ҳисоб карда мешавад.
