Депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд — Баҳодур Раҳмонов ва Фазлиддин Ғайбуллаев дар маҳаллаҳои Мӯлиёни Поён, Мӯлиён ва Мароқанди шаҳр бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор намуда, мушкилоти мавҷудбударо дар ҷойи худ омӯхтанд.
Дар давоми омӯзиш шаҳрвандон мушкилоте, ки онҳоро ба ташвиш меоварад, ба депутатҳо расонида, инчунин дар бораи роҳи ҳалли онҳо пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Аз ҷумла, роҳе ба дарозии 2 км дар кӯчаи Шаҳри маҳаллаи Мӯлиёни Поён дар ҳолати хеле бад қарор дошта, аз он сокинони якчанд маҳалла ва инчунин равандагони қабристон истифода мебаранд, бинобар ин махсусан дар мавсими боришот ҳаракат мушкил мегардад.
Чунин мушкилот дар ҳудуди маҳаллаи Мароқанд низ мушоҳида гардида, аз ҷониби дастаи мактаби миёнаи таълими умумии рақами 47 ва муассисаи томактабии рақами 112 вобаста ба ҳолати номатлуби роҳҳо муроҷиат карда шуд.
Аз ҷумла, қайд шуд, ки 1 км роҳи кӯчаи Ганҷкорлар дар ҳолати хеле вазнин қарор дошта, аз он тақрибан ҳазор нафар хонандагони мактаб ва кӯдакони боғча аз 5 маҳаллаи ҳамсоя истифода мебаранд ва дар мавсими боришот дар роҳ кӯлҳои сунъӣ ба вуҷуд меоянд.
Ҳамчунин сокинони маҳаллаи Мароқанд қайд намуданд, ки ба 20 сутуни бетонӣ, ки соли 2023 дар кӯчаи Дӯстлик насб шудаанд, то ҳол хатҳои барқ пайваст нагардидаанд ва боз 10 сутун лозим аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои кӯчаи Мароқанд низ 10 сутуни иловагӣ зарур мебошад.
Аз рӯи мушкилоти ошкоршуда, аз ҷониби намояндагони халқ чораҳои дахлдор таҳия гардида, онҳо тавассути дархостҳои депутатӣ таҳти назорат гирифта шуданд.
