Ovozi.uz

Дар як сол чӣ қадар партови пластикӣ ба табиат афканда мешавад?

Олимон миқдори партовҳои пластикиро, ки ҳар сол дар Замин партофта мешаванд, ҳисоб кардаанд.

Партовҳои пластикӣ ба экосистемаҳои сайёраи мо таҳдид мекунанд.

Мувофиқи маълумотҳо, то охири соли 2025 тақрибан 143 миллион тонна пластик ба муҳити зист — об, хок ва ҳаво партофта шудааст. Агар ин тамоюл идома ёбад, ин рақам то соли 2040 беш аз ду баробар афзоиш ёфта, ба 309 миллион тонна мерасад. Ин ба он баробар аст, ки ҳар сония як мошини боркаш ба муҳити зист пластик партояд.

Рушди босуръати истеҳсол ва истифодаи пластик аз иқтидори системаҳои идоракунии партовҳои ҷаҳонӣ хеле пеш аст.