Ovozi.uz

«Мубориза бо коррупсия — вазифаи ҳар яки мо»

Дар филиали самарқандии Донишгоҳи технологияҳои ахбории Тошканд ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Шӯрои шаҳрии Ҳизби Либерал-Демократии Ӯзбекистон, депутатҳо, ҷонишини аввали директор оид ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавиву тарбиявии ин муассисаи таҳсилоти олӣ, сарвари шуъбаи мубориза бо коррупсия ва донишҷӯён иштирок карданд.

Дар рафти муҳокимаи мизи мудаввар ба иштирокчиён дар бораи масъалаҳое аз қабили таъсири манфии коррупсия ба рушди ҷомеа ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар мубориза бо он, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Донишҷӯён ва ҷавонон аз масъулон ба саволҳои худ посухҳои равшан ва асоснок гирифтанд.