Ovozi.uz

Имсол 100 бренд офарида мешавад

Дар Самарқанд дар доираи лоиҳаи «100 бренди нав», ки ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва баровардани маҳсулоти миллӣ ба бозори байналмилалӣ нигаронида шудааст, форум гузаронида шуд.

Дар форум масъулони Вазорати адлия, Палатаи савдо ва саноат, коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ, соҳибкорон ва ҳунармандони самарқандӣ иштирок карданд.

Дар ифтитоҳи форум ҷонишини вазири адлия М. Икромов ва ҳокими вилояти Самарқанд А. Бобоев зикр карданд, ки ин лоиҳа барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва афзоиши иқтидори содиротии маҳсулоти миллӣ тавассути рушди брендҳои минтақавӣ хизмат хоҳад кард.

— Дар мо корҳои истеҳсолот хуб пеш мераванд, вале дар реализатсия кардани он муаммоҳое ба вуҷуд меоянд, — гуфт роҳбари вилоят. — Барои он ки дар ҷаҳон марбут ба реализатсия мафҳуми бренд мавҷуд аст. Ҳар касе, ки бренди худро офарида бошад, маҳсулоти худро зудтару хубтар фурӯхта метавонад. Мо ҳам бояд аз ин роҳ равем ва брендҳои худро офарем. Имрӯзҳо Самарқанд зиёда аз 10 бренди худро дорад, вале ин барои мо кам аст. Чунки дар вилояти мо зиёда аз 50 ҳазор корхона мавҷуд аст, ҳазорон корхонаҳои мо бо ҳамкории ширкатҳои хориҷӣ фаъолият нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, мо нақша дорем, ки дар соли 2026 теъдоди брендҳои худро ба 100‑то расонем.

Дар чорабинӣ масъалаҳои дурнамои рушди брендҳои миллӣ, нақши тамғаҳои молӣ дар рақобатпазирӣ, идентификатсияи бренд ва масъалаҳои тарроҳӣ, инчунин тартиби бақайдгирии тамғаҳои молӣ баррасӣ шуданд. Ғайр аз ин, бо иштироки коршиносони байналмилалӣ маърӯзаҳо, семинарҳои амалӣ ва ҷамъомадҳои интерактивӣ ташкил карда шуданд.

Мувофиқи маълумоти ташкилкунандагон, ин лоиҳа ҳамчун марҳилаи муҳим дар рушди брендҳои миллии кишварамон, беҳтар кардани маданияти ҳуқуқӣ дар соҳаи мулки интеллектуалӣ ва дастгирии соҳибкорон хизмат хоҳад кард.

Дар доираи лоиҳа 100 бренди маҳаллии умедбахш интихоб карда шуда, ба онҳо дар маркетинг, тарроҳӣ, содирот ва рушди бренд кӯмак расонида мешавад ва барои ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулот шароит фароҳам оварда мешавад. Иштирокдорони форум имкон ёфтанд, ки брендинг ва тарроҳиро беҳтар, дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок кунанд ва дар ҷараёни содирот маслиҳат ва кумаки амалӣ гиранд.

Хидмат ахбори ҳокимияти вилоят