Дирӯз дар шаҳри Самарқанд маросими ифтитоҳи 43‑юмин сессияи Сарконференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба таълим, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) оғоз ёфт.
Нахуст, дар доираи сессия Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Словакия Петер Пеллегрини музокира гузарониданд.
Ғайр аз ин, Президентамон сардиректори ЮНЕСКО Одри Азулеро қабул карда, ба ӯ мукофоти баланди кишварамон — ордени «Дӯстлик»-ро супурд.
Сипас, маросими мутантани кушодашавии 43‑юмин сессияи Сарконференсияи ЮНЕСКО оғоз гардид. Дар он роҳбари давлатамон иштирокчиёни конфронсро ба сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон, ки дар чорроҳаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо ҷойгир аст, самимона истиқбол кард. Аз Президенти Сербия Александр Вучич, Президенти Словакия Петер Пеллегрини, Сардиректори ЮНЕСКО Одре Азуле, роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамаи ҳайатҳо барои иштирок дар конфронс изҳори сипос намуд.
Дар идома раиси 43-юмин сессияи Сарконференсияи ЮНЕСКО Хондкер Муҳаммад Талха, сардиректори ЮНЕСКО Одри Азуле ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар охири маросим барномаи консертии омодакардаи ҳунармандони ӯзбекистонӣ ва хориҷӣ пешниҳод карда шуд. Оркестри симфонӣ, хор ва ансамбли миллӣ сурудҳои классикии ӯзбекӣ ва шоҳасарҳои мусиқии ҷаҳонро бо талқини замонавӣ иҷро карданд.
