Ovozi.uz

Нетаняҳу аз созиш бастани ИМА бо Эрон бидуни ба назар гирифтани манфиатҳои Исроил нигарон аст

Сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу аз имзо гардидани созиш байни ИМА ва Эрон бидуни ба назар гирифтани манфиатҳои давлати яҳудӣ нигарон мебошад. Дар ин бора бо такя ба маълумоти портали Axios веб-сайти «Халқ сўзи» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манобеи портал, мақомоти Исроил бар он назаранд, ки созиши эҳтимолӣ метавонад имтиёзҳои ҷиддиро аз ҷониби ИМА дар бар гирад. Сухан, аз ҷумла, дар бораи маҳдуд гардидани қобилияти Исроил барои анҷом додани зарбаҳо ба қаламрави Эрон меравад.

Тибқи навиштаи Axios, роҳбарияти ҳарбию сиёсии Исроил ба дурнамои ҳалли оромона бо шубҳа менигарад, зеро бар ин бовар аст, ки Теҳрон ба созишҳое, ки Вашингтон талаб мекунад, розӣ нахоҳад шуд.