Ovozi.uz

Соли гузашта 69,1 ҳазор хона ба истифода супурда шуд

Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии статистикии Ӯзбекистон, дар соли 2025 ҳамагӣ 69,1 ҳазор хона ба истифода дода шудааст.

Ин рақам дар муқоиса бо соли 2024 2,4 ҳазор афзоиш ёфтааст.

Шумораи хонаҳои ба истифода додашуда аз рӯи минтақаҳо чунин аст:
— Вилояти Намангон — 10,8 ҳазор;
— Вилояти Тошканд — 6,7 ҳазор;
— Вилояти Сурхондарё — 6,1 ҳазор;
— Вилояти Фарғона — 5,9 ҳазор;
— Вилояти Хоразм — 5,9 ҳазор;
— Шаҳри Тошканд — 5,9 ҳазор;
— Вилояти Бухоро — 5,6 ҳазор;
— Вилояти Андиҷон — 4,8 ҳазор;
— Ҷумҳурии Қарақалпоқистон — 4,6 ҳазор;
— Вилояти Қашқадарё — 4,1 ҳазор;
— Вилояти Самарқанд — 3,5 ҳазор;
— Вилояти Ҷиззах — 2 ҳазор;
— Вилояти Навоӣ — 2 ҳазор;
— Вилояти Сирдарё — 0,6 ҳазор.