Ovozi.uz

Нигоҳубини пӯсти рӯй

Бо фарорасии фасли сардиҳо пӯсти инсон албатта ба нигоҳубин ниёз пайдо мекунад. Пӯсти рӯй аз аввалҳои тирамоҳ ба мушкилиҳо дучор мегардад. Чунки аз гармиҳои фасли тобистон яку якбора ба шамолу сардии тирамоҳу зимистон дучор шудан, албатта ба пӯсти рӯй зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо бояд ба нигоҳубини пӯсти рӯй аз аввали моҳи тирамоҳ шурӯъ намоем.

Аз сардии ҳаво, вазидани шамол, иваз шудани ҳарорат хангоми аз хона ба кӯча баромадан ё баракс, аз кӯча ба хона ё ягон бино ворид шудан, пӯсти рӯйи мо метавонад зарар бинад. Яъне, хушкшавии пӯст, пӯстпартоӣ, пайдо шудани ожангҳои гирди чашмон, ивазшавии ранги пӯст, баровардани донача метавонад ба миён ояд. Дар чунин ҳолатҳо пӯстро метавонед бо ҳар гуна малҳамҳо муҳофизат намоед. Hабояд фаромӯш кард, ки ниқобро ба пӯсти рӯйи худ мувофиқ интихоб кардан лозим аст. Зеро, ниқоб барои пӯсти хушкро мо наметавонем дар пӯсти равганин истифода бубарем. Ҳар як пӯст ба худ малҳам ё ин ки ниқоби махсусро дорад. Пас, бонувон ҳангоми интихоби малҳамҳо бояд эҳтиёткор бошанд.

Рӯйро бояд бо малҳами ширӣ ва бо ёрии пахта тоза кунед. Баъдан, барои пӯст ниқоби махсус омода созед. Агар шумо пӯсти муқаррарии хушк ва ҳассос дошта бошед, пас метавонед дар як ҳафта 2-3 маротиба ва агар равганин бошад, 1 маротиба аз ниқоб истифода баред.

Бонувоне, ки мехоҳанд ҳама вақт ҷавону зебо бимонанд, аз чунин маслиҳат метавонанд истифода баранд. Ҳар шом пеш аз хоб рӯйро бо чои кабуд бишӯянду, пок накарда 10-15 дақиқа сабр кунанд. Боз чунин амалро такрор намоянд. Баъди ин пӯсти рӯйи шумо тарангу ҷилодор ва ожангҳо камтар мешаванд.

Нафароне, ки пӯсти рӯйяшон хушк мебошад, метавонанд аз тавсияи зерин истифода кунанд. Дар як ҳафта ду маротиба, шаб пеш аз хоб дар руйи тоза майонезро молед ва 20-25 дақиқа гашта, сипас рӯйро шӯед. Ин амал барои рӯи шумо мулоимӣ ва ҷило мебахшад.