Ovozi.uz

120-солагии Иттифоқҳои касаба ҷашн гирифта шуд

Дар Самарқанд бахшида ба 120-умин солгарди таъсиси Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар маросими мазкур фаъолони иттифоқҳои касаба, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои гуногуни саноат иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев аъзои Иттифоқҳои касаба ва собиқадоронро бо ид муборакбод гуфт. Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки баланд бардоштани қадри инсон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо яке аз муҳимтарин тамоюлҳои давлати иҷтимоӣ мебошад.

Ҳоло дар вилоят 4212 ташкилоти Иттифоқҳои касаба амал мекунад, ки онҳо қариб 800 ҳазор нафар коргарон ва донишҷӯёнро дар бари худ муттаҳид менамоянд. Иттифоқҳои касаба дар ҳифзи манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо, фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат нақши муҳим мебозанд.

Дар чорабинӣ фахриёни меҳнатӣ, ки дар пешрафти соҳа саҳми арзанда гузоштаанд, бо нишонҳои хотиравии «120-солагии Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон» ва сипосномаи ҳокимияти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.